Дар Душанбе давраи омӯзишӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ оғоз ёфт

Апрель 17, 2019 09:28

 ДУШАНБЕ, 17.04.20919/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади такмили донишу малакаи кормандони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар самти таҳия ва таҳлили лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва маблағгузории онҳо  дар Душанбе дар мавзӯи «Таҳлили лоиҳаҳо ва маблағгузориҳои онҳо» давраи омӯзишӣ  оғоз гардид.

Давраи омӯзишӣ бо ибтикори  Кумитаи давлатии сармоягузоӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи «Мусоидат ба рушди фарогири иқтисодиёти деҳот барои беҳбудии аҳолӣ» (TRIGGER)-и Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Германия (GIZ)  созмон дода шуда, он то 19 апрел идома меёбад.

Дар раванди давраи омӯзишӣ ба иштирокчиён малакаи таҳия ва арзёбии лоиҳаҳо тибқи меъёрҳои байналмилалии маблағгузории лоиҳаҳо, таҳлили иқтисодии лоиҳаҳо, таҳлили молиявӣ ва андозии лоиҳаҳо, таҳлили ҳассосияти модели молиявии лоиҳа ва муайян намудани хавфҳои вобаста ба лоиҳа омӯзонида мешаванд.

Апрель 17, 2019 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид