Дар Душанбе Фестивал ва Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандии «Бозори баҳорӣ» доир мегардад

Апрель 22, 2019 15:40

ДУШАНБЕ, 22.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  27-28 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе  Фестивал ва Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ таҳти унвони «Бозори баҳорӣ» (Spring Market) доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, Фестивал ва Намоишгоҳ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо ҶСП «Си Эйч Эл Интернэшнл» бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва фуруши он, муаррифии анъанаҳо ва хурокҳои миллӣ, тақвияти робитаҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон дар саҳни бинои меҳмонхонаи «Ҳилтон-Душанбе» баргузор карда мешавад.

Чорабинии мазкур ба Рӯзи Пойтахт ваСолҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, дар кори он ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои кишвар, доираи корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва истеҳсолкунандагони дигар маҳсулоти миллӣ ҷалб карда мешаванд. Намоиши истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ва хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ бо услуби муосир тибқи талаботҳои байналмилалӣ ороиш дода мешаванд.

Апрель 22, 2019 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад