Дар Москва Конфронси ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Россия ва Тоҷикистон оғоз ёфт

Апрель 16, 2019 15:10

ДУШАНБЕ, 16.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Федератсияи Россия- шаҳри Москва бо иштироки ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону  Россия Конфронси ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Россияву Тоҷикистон оғоз ёфт.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия  бо дастгирии Фонди «Россконгресс» аз созмондиҳандагони конфронс мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳошияи Конфронси ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Россияву Тоҷикистон  суҳбатҳои «мизи мудаввар» дар мавзӯъҳои муҳими самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Россия, назири ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва савдо,  маориф ва фарҳанг баргузор гардиданд, ки ҷонибҳо  вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида табодули  афкор намуданд,- иттилоъ медиҳад сарчашма.

Интизор меравад, ки пагоҳ  Конфронси ҳафтуми ҳамкории байниминтақавии Россияву Тоҷикистон кори худро идома диҳад.

Апрель 16, 2019 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид