Дар Самарқанд вохӯрии навбатии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 17 апрели соли 2019 дар Самарқанд вохӯрии навбатии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати ҳамоҳангсозии масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аломатгузории Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ ва техникии аломатгузории Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳамоҳанг намуда, ҳамзамон нақшаи замонии корҳои саҳроиро омода намуданд.
Бар пояи натиҷаҳои вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, вохӯрии навбатии ду кишвар даҳаи дуюми моҳи майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






