Дар Суғд Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад

Апрель 29, 2019 16:39

ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» доир менамояд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун аз рӯи бахшҳои беҳтарин либоси қадимаи чакан, беҳтарин либоси кўдакона, беҳтарин либоси рўзмарра, беҳтарин либоси маросимӣ ва идона, беҳтарин либоси расмӣ ва беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни Фестивал-озмун бояд дар либос ва сўзанидўзиҳо паҳлўҳои то ҳанўз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллии ин ё он маҳал, санъати асили гулдўзӣ, сўзанидўзӣ, тоқидўзӣ, навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро кашф ва эҳё намоянд.

Довталабон бояд ҳангоми омодасозии либос аз матоъҳои якранг, атласу адрас ва алоча истифода бурда, дар он нақшу нигори миллии чакан ва гулдўзиро таҷассум созанд. Ҳамчунин синни иштирокчиён то 40-сола муқаррар гардида, занону ҷавондухтарон барои иштирок дар Фестивал-озмуни вилоятӣ қабул карда мешаванд.

Апрель 29, 2019 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад