Дар Суғд озмуни вилоятии «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» доир мегардад

Апрель 19, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   моҳи майи соли равон дар вилояти Суғд  озмуни вилоятии «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» баргузор мегардад. Дар ин  бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда, он дар ду марҳила мегузарад.

Марҳилаи аввали  озмуни  вилоятии «Мисгарӣ ва оҳангарӣ»  дар шаҳру ноҳияҳо доир мегардад.  Ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун, ки дар назар аст моҳи июн баргузор шавад,  роҳхат мегиранд.

Иштирок дар озмун озод буда,  ташкилоту муассиса ва шаҳрвандон метавонанд бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ иштирок намоянд.

Ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом ва сипоснома сарфароз гардонида  мешаванд.

Апрель 19, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад