Дар Тоҷикистон амалиёти «Муоинаи техникӣ» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз, 15 апрел дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронидани амалиёти «Муоинаи техникӣ» — ро ба роҳ мондааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, амалиёти мазкур бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ва назорати пардохти маблағи андоз аз соҳибони онҳо гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки ин амалиёт то 25 апрели соли равон идома меёбад.
Дар ҳамин робита Раёсати БДА аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват ба амал овардааст, ки дар гузаронидани амалиёти мазкур саҳми арзанда гузоранд. Телефонҳо барои тамос 235-45-45; 236-05-35.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






