Дар Тоҷикистон нахустин маҷмӯаи суханрониҳои сарвари Чин ба нашр расид

Апрель 29, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 29.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сафари  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» (25 апрели соли 2019) дар нашриёти «Контраст» маҷмӯаи суханрониҳои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар мавзӯи масоили муҳими сиёсати хориҷӣ бо забони тоҷикӣ ба нашр расид.

Дар ин маҷмӯа суханрониҳо ва маърӯзаҳои интихобии Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар мавзӯи асосҳои барномавии сиёсати хориҷии ин давлат, масоили татбиқи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва бунёди ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият гирдоварӣ шудаанд.

Суханрониҳо ва маърӯзаҳои мазкур давраи аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи майи соли 2017-ро фаро мегиранд. Маҷмӯаи ранга аз се қисм ва 156 саҳифа иборат аст.

Китоби Си Ҷинпинро аз забони русӣ ба тоҷикӣ журналист ва публисист, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бобоҷони Шафеъ тарҷума карда, таҳиягар ва муҳаррири масъули он доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода мебошад.

Бояд гуфт, ки ин нахустин нашри китоби сарони давлати Чин дар кишвари мо бо забони тоҷикӣ аст.

Апрель 29, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Зиёда аз 5 ҳазор нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд
22 июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз меёбад
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд