ДАРАХТ БИНШОН! Дар хоҷагиҳои вилояти Суғд бунёди боғҳои суперинтенсивӣ вусъат меёбад

Апрель 1, 2019 10:35

ХУҶАНД, 01.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар вилояти Суғд дар доираи иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020»  сол аз сол масоҳати бунёди майдони боғу токзори нав меафзояд. Аз ҷумла, дар ин радиф бунёди майдони боғҳои  интенсивӣ бештар ба назар мерасад. Зеро бо гирифтани ҳосили зиёд аз чунин боғҳои муосир боғпарварони мамлакат на танҳо бозори дохилиро бо меваҳои хушсифат метавонанд таъмин намоянд, балки содироти маҳсулотро низ афзоиш диҳанд.

Тавре аз идораи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ Ховар иттилоъ доданд, имрӯзҳо, дар ҳудуди заминҳои Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати қариб 3 гектар боғи суперинтенсивӣ (боғи сермаҳсул) бунёд гардида истодааст, ки барои инкишофи он аз давлатҳои Франсия, Полша ва Канада чор навъи ниҳолҳои гелосу шафтолу ворид карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, бунёди чунин боғҳои нав бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами боғдорӣ ба роҳ монда шуда, имрӯзҳо дар аксари кишварҳои пешрафтаи олам ин навъи боғдорӣ маъмул гаштааст.  Зеро он аз чанд ҷиҳат манфиатнок буда, ҳаҷми хурди дарахтони ин намуд боғҳои суперинтенсивӣ имкон медиҳад, ки дар воҳиди ками замин ниҳолҳои зиёдеро шинонид. Аз ҷумла, дар як гектар беш аз ду ҳазор бех ниҳол ҷой дода, аллакай соли дуюм метавон аз он ҳосил гирифт.  Ҳамчунин ҳосилнокии чунин боғ нисбат ба боғҳои муқаррарӣ ба маротиб бештар буда, дар як сол 500 – 600 сентнерро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки ин навъ боғи суперинтенсивӣ ё сермаҳсул аз ҷониби кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Холмуҳаммад”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дар майдони қариб 2,5 гектар ба роҳ монда шудааст. Ҳоло баҳри рушди ин навъи боғ аз Германия ниҳолҳои себ ворид карда шуда, тибқи маълумоти мутахассисон, хоҷагидорон дар соли дуюм метавонанд аз онҳо ҳосили аввал рӯёнанд.

Апрель 1, 2019 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид