24 МАЙ- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БУЗИ МОРХӮР. Шумораи бузи кӯҳии пармашох–Морхӯр дар Тоҷикистон беш аз 6000 сарро ташкил медиҳад

Май 24, 2024 13:50

ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси гузориши охирини Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ (IUCN) ҳоло шумори бузи кӯҳии пармашох –морхӯр /Capra falconeri/ дар Тоҷикистон беш аз 6000 сарро ташкил медиҳад.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ 2 майи соли 2024 ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии бузи пармашох — морхӯр тариқи Қатъномаи дахлдор қабул намуд. Бо қабули ин Қатънома 24 май дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид. Қатънома аҳамияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи ҷаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро ҳамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст. Дар он инчунин аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, таъкид шудааст.

Бузи кӯҳии пармашох дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат аст

Бузи кӯҳии пармашох яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошад. Морхӯр нақши муҳимеро барои экосистема, гуногунии биологӣ, сайёҳӣ ва ғайра бозӣ карда, дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳонӣ бо назардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштани ин ҳайвони нодир муҳим ба назар мерасад.

Бузи пармашох- ҷонвари нодири кӯҳистони Тоҷикистон

Бузи пармашох аз ҷумлаи ҷонварони нодири кӯҳистони Тоҷикистон буда, ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи он баҳри ҳифзу афзунгардонии ин намуди нодир дар шароити табиати кӯҳистон тадбирҳои доимӣ андешида мешаванд. Бузи пармашох ба синфи ширхӯрон, қатори ҷуфтсӯмон ва оилаи шохковокҳо дохил мешавад.


Морхӯр барои сукунат мавзеъҳои кӯҳии то 2700 метрро меписандад

Табиати зебоманзари Тоҷикистон макони сукунати ҳайвоноти нодир мебошад. Морхӯр барои сукунат мавзеъҳои кӯҳии то 2700 метр аз сатҳи баҳр баландро интихоб менамояд. Дар Тоҷикистон ин ҷонвари нодир ба таври хеле маҳдуд паҳн гардида, дар нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Дарвоз, Ҳазратишоҳ, мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум», қисмати ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Вахш ва кӯҳи Сарсарак вомехӯрад. Ин ҷонвар вобаста ба мавсими сол кӯчиш мекунад. Дарозии баданаш 170 см, баландиаш 90 см, вазнаш 80-90 то 109 кг буда, риши дарози то 30 сантиметр дорад. Морхӯр шохҳои зебои печидаи пармамонанди пурарзиш дорад, аз ин рӯ таваҷҷуҳи шикорчиён ба он зиёд аст. Ин ҷонвари зебо ба Китоби сурхи байналмилалӣ ва ҳам Китоби сурхи Тоҷикистон дохил гардидааст.

Калонтарин популятсияи бузи кӯҳии пармашох дар минтақаи мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» боқӣ мондааст

Калонтарин популятсияи бузи кӯҳии пармашох дар ҷаҳон дар минтақаи мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон боқӣ мондааст ва он ҳамчун намуди нодири олами ҳайвонот арзёбӣ мегардад. Бо назардошти ҳифзу нигоҳдории генофонди бузи пармашох дар мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» корҳои парвариш ва барқарорсозии саршумори ин намуд ҳайвон ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи «Барномаи рушди минбаъдаи Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» барои солҳои 2021-2025» ташкили парваришгоҳҳои хурд дар масоҳати 6 гектар бо мақсади зиёд намудани саршумори бузи кӯҳии пармашох корҳои илмию таҳқиқотӣ барои парвариши он дар шароити ғайритабиӣ дар назар аст. Инчунин дар чаҳорчӯби барнома муайян намудани намудҳои растаниҳои асосии ғизои ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бузи пармашох баҳогузории ҳолати он дар экосистемаҳои табиии мамнуъгоҳ, омӯзиши таъсири раванди тағйирёбии иқлим ва омилҳои антропогенӣ ба захираи он дар нақша аст.

Дар «Тоҷикфилм» филми ҳуҷҷатии «Бузи пармашох» ба навор гирифта шуд

Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соли 2022 филми ҳуҷҷатии «Бузи пармашох» ба навор гирифта шуд. Филм дар доираи ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Тоҷикфилм» дар Мамнуъгоҳи давлатии тиббии «Даштиҷум» рӯи навор омад. Дар ин филми ҳуҷҷатӣ мақоми ҳифз, паҳншавӣ, муҳити сукунат, саршумор, хусусияти биологӣ, омилҳои маҳдудкунанда, парвариш дар шароити сунъӣ ва тадбирҳои ҳифзи бузи пармашох мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шудаанд.

Дар Дарвоз Осорхонаи бузи кӯҳии Морхӯр ифтитоҳ гардид

Соли 2023 дар Дарвоз Осорхонаи бузи кӯҳии Морхӯр таъсис дода шуд. Ҳадафи бунёди Осорхонаи бузи кӯҳии Морхӯр- шинос намудани аҳолии Тоҷикистон ва сайёҳони хориҷӣ бо зебоиҳои табиати нотакрори Тоҷикистон ва муаррифии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз ҷумла бузи кӯҳии Морхӯр мебошад. Осорхонаи бузи кӯҳии Морхӯр дар ноҳияи Дарвоз бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд гардида, дар тарғибу ташвиқи олами ҳайвоноти нодири Тоҷикистон дар байни сайёҳони хориҷӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ нақши муассир мегузорад.


Шумораи бузи пармашох дар Тоҷикистон беш аз 6000 сарро ташкил медиҳад

Соли 2022 аз ҷониби мутахассисони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо ходимони илмии ниҳодҳои марбутаи мамлакат дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Данғара ва Шамсиддини Шоҳин дар қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҳисоботи саршумори ин ҳайвоноти нодир гузаронида шуд. Дар ин ҳисобот намояндагони IUCN иштирок намуданд. Тибқи гузориши охирини ин созмон, ҳоло саршумори ин ҳайвони нодир дар Тоҷикистон беш аз 6000 сарро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда бозгӯи он аст, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи ҳифз ва нигоҳ доштани ин ҳайвони нодир дар ҷаҳон яке аз муваффақтарин арзёбӣ мегардад.

Дар Тоҷикистон афзоиши мунтазами бузи кӯҳии Морхӯр мушоҳида мешавад

Солҳои охир ҳодисаҳои алоҳидаи талаф ёфтани ин ҳайвони нодир аз тарафи бабри барфӣ, гург ва дигар намуди ҳайвоноти дарранда мушоҳида мегардад. Соли 2022 маҷаллаи бонуфузи Кембриҷи Британияи Кабир «Oryx» маводеро таҳти унвони «Мониторинги Морхӯр (Caprafalconeri) дар Тоҷикистон аз беҳбуди популятсияи он шаҳодат медиҳад» нашр намуд. Муаллифони мақола мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва гурӯҳи коршиносони IUCN мебошанд. Инчунин коршиносони IUCN ба Тоҷикистон омада буданд. Ҳадафи сафар он буд, ки таҷрибаву малакаи онҳо барои нигоҳ доштани ин намуди ҳайвони нодири ба Китоби сурх воридгашта омӯхта шавад. Дар машғулият ва корҳои бевоситаи саҳроӣ -баҳисобгирӣ муайян гардид, ки дар Тоҷикистон афзоиши мунтазами ҳайвони нодир –бузи кӯҳии Морхӯр мушоҳида мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 24, 2024 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд