Тағйирот ба Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ». Ҳадафи ниҳоӣ афзоиш додани содирот ва коҳиш додани воридот аст

Май 23, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 23.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат қарорҳои дахлдор оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб»,  «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим», «Данғара» қабул карда шуданд. Вобаста ба тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва ба низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳод мешавад.

Зимни муҳокимаи парлумонии лоиҳаи қонун таъкид гардид, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» беҳтару бештар намудани ҷолибияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Бо вуҷуди он ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ бештар аз даҳ сол боз дар фазои иқтисодиву истеҳсолии мамлакат вуҷуд доранд, аммо фаъолияти онҳо ҳанӯз ҳам қаноаткунанда ва назаррас нест.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидан ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ зарур дониста шуд, ки ба қонуни амалкунанда дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бо назардошти таҷрибаи мамлакатҳои дигар тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Тағйиру иловаҳои мазкур барои

— беҳтар намудани самаранокии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷиву ватанӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ,

— ташкил намудани корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ,

— баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва камтар намудани маҳсулоти воридотӣ ба мамлакат равона шудаанд.

Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо акнун дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ширкати хизматрасон (субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ) фаъолият хоҳад кард. Фаъолияти ширкати хизматрасон дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ аз анҷом додани корҳои зерин:

— муҳофизат ва тоза нигоҳ доштани ҳудуд ва иншоот,

анҷом додани корҳои боркунию борфарорӣ,

— таъмир, сохтмон ва нигоҳдории биноҳо ва иншоот,

— таъмини субъектҳои минтақа бо қувваи барқ, об, канализатсия ва нақлиёт,

— ба кироя додани ҳудуд, анборҳо ва биноҳои дигар,

— муаррифии минтақаи озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармоя,

— пешниҳоди дигар хизматрасониҳо ва кор иборат мебошад. Фаъолияти ширкати хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба коҳиш додани вобастагии молиявии маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Бо ворид намудани мафҳумҳои «феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва принсипи «равзанаи ягона» ба қонуни амалкунанда акнун расмиёти пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ ба субъект­ҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ осон мешавад, муҳлати расмиёт кам ва шаффофияти он таъмин мегардад. Минбаъд дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ омодасозӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мақомоти давлатӣ бо истифодаи технологияи рақамӣ гузаронида мешавад.

Қаблан минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти истеҳсолӣ-инноватсионӣ доштанд, акнун онҳо ба фаъолияти «комплексӣ» фаро гирифта мешаванд. Тибқи ин қонун «Минтақаи озоди иқтисодии комплексӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки хусусияти якчанд намуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (саноатӣ, савдо ва тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, инноватсионӣ, илмию тадқиқотӣ ва ҷорикунанда)-ро дар бар мегирад». Яъне, агар қаблан минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба як ё ду намуди фаъолият машғул буданд, акнун онҳо дар баробари савдову тиҷорат имкон доранд дигар намудҳои фаъолиятро иҷро кунанд.

Бо назардошти ин тағийру иловаҳо, ки ба Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ворид карда шуданд, зарур дониста шуд, ки ба низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб»,  «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» низ тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Тағйиру иловаҳо масъалаҳои зеринро ифода мекунанд. Қаблан муҳлати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ 25 сол муқаррар шуда буд. Акнун ин муҳлат ба 50 сол дароз карда шуд. Воқеан ҳам муҳлати 25 сол барои сармоягузорӣ дар ин минтақаҳо кам мебошад, зеро бештари минтақаҳои озоди иқтисодӣ то солҳои 2010 кушода шуданд ва аллакай аз нисф зиёди муҳлати 25 сол сипарӣ шудааст. Барои ҷалби сармояи дарозмуддат пешниҳоди мантиқӣ карда шуд, ки муҳлати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ 50 сол муайян карда шавад.  Ин шароит фароҳам меорад, ки субъектҳои нав дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шаванд.

Тағйироти дигар дар масъалаи ҳаҷми сармоягузорӣ мебошад. Пештар барои оғози фаъолияти истеҳсолӣ дар низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ сармоягузорӣ намудани на кам аз 500 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шуда буд. Акнун, бо мақсади аз байн бурдани маҳдудият дар ҷалби сармоя иҷозат дода мешавад, ки бо 300 ҳазор доллари ИМА фаъолияти иқтисодӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ пеш бурда шавад.

Масъалаи дигар муҳлати истифодашудаи таҷҳизоти технологӣ-истеҳсолии ба минтақа воридшаванда мебошад. Пештар муҳлати истифодашудаи таҷҳизоти технологӣ-истеҳсолӣ на зиёда аз 3 сол муқаррар шуда буд. Акнун муҳлати истифодаи технологияи воридшаванда на зиёда аз 2 сол мебошад. Ин тадбир барои пешгирӣ намудани воридоти таҷҳизоти кӯҳна буда, мақсади асосӣ ҷалби технологияҳои пешқадам ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.

Тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои ҳамаи 5 минтақаи озоди иқтисодӣ: «Кӯлоб»,  «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» тааллуқ доранд.

Ба ҳамин тартиб, мақсад аз ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба низомномаҳои минтақаи озоди иқтисодии мамлакат:

— баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақа,

— бартараф намудани маҳдудият дар ҷалби сармоя,

— тақвият бахшидани фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва субъектҳои он дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ,

— тавсеаи иқтидори содиротии мамлакат ва воридотивазнамоӣ

дониста мешавад.

Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ минбаъд дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои бунёди инфрасохтори замонавӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба  минтақаҳои озоди иқтисодӣ сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда мешавад. Ҳамчунин технологияҳои муосир, ворид, доираи хизматрасонии тиҷоратӣ ба субъектҳо васеъ гардида,  рақобатпазирии корхонаҳои фаъолияткунанда ва устувории молиявии маъмурияти минтақа таъмин карда мешавад.

Ҷорӣ намудани фаъолияти ширкати хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба коҳиш додани вобастагии молиявии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз буҷети давлатӣ барои рушди инфрасохтор мусоидат менамояд. Зеро давоми фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имконияти буҷети давлатӣ барои маблағгузории сохт­мони инфрасохтори замонавӣ дар ҳудуди минтақа маҳдуд мебошад.

Бояд гуфт, ки акнун баъд аз ворид намудани тағйирот ба низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат фаъолияти онҳо аз истеҳсолию инноватсионӣ ба комплексӣ иваз карда шуд, ки ин тағйирот барои аз байн бурдани маҳдудият ҳангоми ҷалби сармоягузорони соҳаҳои гуногун мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имконияту шароити мавҷударо ба рушди бемайлони минтақаҳои озоди иқтисодӣ равона месозад. Ҳадафи ниҳоӣ аз сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат афзоиш додани содирот ва коҳиш додани воридот муайян шудаст.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

Май 23, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Даврон Сафарзода: «Олимони тоҷик минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саҳм гузоранд»
Дар вилояти Хатлон то охири моҳи май беш аз 68 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ гардид
Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо НБО-и «Норак» шинос шуд
Президенти Бонки исломии рушд бо унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сарфароз гардид
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» то соли 2030 амалӣ мегардад
Дар Душанбе ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори рушди бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ баррасӣ шуд
ҶАЛАСАИ ШУРОИ МИЛЛИИ РУШД. Тоҷикистон то соли 2037 ба мамлакати «сабз» мубаддал мегардад
Беларус тасмим гирифтааст, ки дар самти омӯзиши геологии қаъри замин аз таҷрибаи геологҳои тоҷик истифода барад
Сауд ибн Ҳаммуд Ал-Ҳабсӣ талошҳои Тоҷикистонро намунаи олӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва тағйирёбии иқлим арзёбӣ намуд
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Салтанати Уммон Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи обу энергетика густариш меёбад
ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»