«Дараи марг». Хотироти ҷанговари интернатсионалист аз лаҳзаи ба даст гирифтани даъватномаи ҳарбӣ то бозгашт ба Ватан

Апрель 29, 2019 16:41

ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе китоби рӯзноманигори варзида Асрор Салимов бо номи «Дараи марг» ба нашр расид, ки дар он хотироти як нафар ҷанговари интернатсионалист аз лаҳзаи ба даст гирифтани даъватномаи ҳарбӣ то бозгашт ба Ватан ба тафсил баён мешавад.

Ба иттилои муаллифи китоб, полковники эҳтиётӣ Асрор Салимов, асар на танҳо барои собиқадорони башардӯст, хешу ақрабои онҳо, балки барои кулли насли наврас китоби хонданӣ ва судманд аст. Хонанда ягон саҳифаи китобро бе ҳаяҷони ботинӣ мутолиа карда наметавонад.

Дар китоб Асрор Салимов лаҳзаҳои ҷанг, иштибоҳу хатоҳои бузурги командиронро аз рӯи тактикаи ҳарбӣ бо далелу рақамҳои раднопазир тасвир кардааст. Ин китоби бузургҳаҷм як саҳифаи таърихи солҳои 80-уми асри бистро аз забони собиқадори воқеаҳои Афғонистон бозгӯӣ менамояд.

Асар як пораи таърихи талхи охири даврони шӯравӣ-ҳузури қӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди шӯравиро дар Ҷумҳурии Афғонистон, муқовимати аёну ноаёни абарқудратҳоро дар ин кишвари ҷангзада бо  далелҳои нав инъикос кардааст.

Китобро аксҳои ҷолиб, аз ҷумла аксҳои муаллифи китоб-Асрор Салимов бо генералони артиш, фармондеҳони армияи 40-ум дар Афғонистон, қаҳрамонони Иттифоқи шӯравӣ Виктор Ермаков ва Борис Громов ва бисёр афсарони дигар ҷолиб намудаанд.

Апрель 29, 2019 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад