Душанбе мизбони ҳамоиши байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон -2019» мешавад

Апрель 16, 2019 10:07

ДУШАНБЕ, 16.04.2019/АМИТ «Ховар»/. «Рушди сармоягузорӣ  ва соҳибкорӣ дар шароити равандҳои муосири иқтисодӣ»- таҳти чунин унвон 20 апрел  дар шаҳри Душанбе  ҳамоиши байналмилалӣ- инвеститсионии «Тоҷикистон-2019» доир мегардад. Созмони байналмилалии  инвеститсионӣ-машваратии  «Тоҷ Сармоя»  ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз созмондиҳандагони ҳамоиши байналмилалии инвеститсионӣ буда, он дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.

Аз Созмони байналмилалии  инвеститсионӣ- машваратии  «Тоҷ Сармоя» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиши байналмилалии  инвеститсионии «Тоҷикистон -2019» роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, шарикони рушд, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, корпуси дипломатӣ, сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷӣ, доираҳои соҳибкории Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Баррасии иқтидори инноватсионии соҳибкорӣ дар самти баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва сиёсати содиротивазкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷустуҷӯи имкониятҳои рушди  соҳибкории муосир, баҳогузорӣ ба захираҳои мавҷуда, таҳлили усулҳои муосири ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ барои  рушди иқтисодиёти миллӣ, ҷонибдории  тиҷоратӣ-электронӣ ҷиҳати баромадан ба бозорҳои ҷаҳонӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳибкории муосир дар кишвар  аз ҳадафҳои асосии  ҳамоиши байналмилалии инвеститсионии «Душанбе-2019»  маҳсуб меёбанд.

Тибқи иттилои сарчашма, дар Форуми инвеститсионӣ   лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар соҳаҳои сохтмон, сайёҳӣ, логистикаи байналмилалӣ, ташкили марказҳои логистикӣ, кишоварзӣ,  рушди истеҳсолоти  инноватсионӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои бурунмарзӣ, барномаи дастгирии давлатии  соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ муаррифӣ мегарданд. Инчунин дар доираи Форуми инвеститсионӣ вохӯрию суҳбатҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар шакли B2B  доир мегарданд.

Апрель 16, 2019 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд