«ДУШАНБЕРО ДОРОИ ТАЪРИХИ 400-СОЛА МЕТАВОН ГУФТ…». Гузаштаи пойтахти Тоҷикистон аз нигоҳи донишманд Абдулло Ғафуров

Апрель 20, 2019 14:34

ДУШАНБЕ, 20.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола шанбеи сеюми  моҳи апрел Рӯзи пойтахт таҷлил карда мешавад. Он имсол ба 20 апрел рост омад. Дар ин рӯз дар чор ноҳияи  пойтахт,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе    базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ  баргузор мегарданд.

Душанбе имрӯз ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи Осиёи Миёна табдил ёфта, тибқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ то соли 2021 он  ба яке аз пуриқтидортарин  шаҳрҳои саноатии Осиёи Марказӣ ва  минтақа мубаддал мегардад.

Ҳоло мехоҳем дар мавриди таърихи шаҳри ҳам ҷавону ҳам қадимӣ  Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои як тадқиқоти илмиро мухтасар манзури хонандагон гардонем.

Тадқиқоти бостоншиносӣ собит сохтаанд, ки ҳанӯз аз замони неолит ҳудуди водии Ҳисор бошишгоҳи одамони ибтидоӣ буда, дар давраҳои минбаъда низ дар ин ҷо одамон мезистаанд. То давраи дар сарчашмаҳои хаттӣ дарҷ ёфтани шаҳри Душанбе дар он одамон зиндагӣ карда, дар ҳудуди имрӯзаи шаҳр маҳаллаҳои зиёди шаҳрмонанд вуҷуд доштаанд. Қабатҳои фарҳангии бостоншиносон пайдонамуда ва маводи нумизматикӣ гувоҳи онанд, ки дар замони салтанати давлати Юнону Бохтар, Кушониёну Сомониён Душанбе маскани аҷдодони мо будааст.

Номи Душанбе бори аввал дар мактуби хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи рус Федор Алексеевич ёд мешавад. Ин мактуб имкон медиҳад, ки бо назардошти қонунҳои илми таърих шаҳри Душанберо дорои таърихи 400-сола гӯем.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, соли 1747 Душанбе дар ҳайати бекигарии Ҳисор ба аморати Бухоро тобеъ мегардад. Шаҳри имрӯзаи Душанбе дар охири асри XIX  аз деҳаҳои Душанбе, Шоҳмансур, Сари Осиё, Ғофилобод, Мири Шикор, Хуҷамбиёи боло ва Хуҷамбиёи поён, Қаримишкор, Чармгарон ва Заргар иборат буд. Деҳаи калонтарин – Душанбе бештар аз 500 ҳавлӣ дошта, дар он 6-8 ҳазор одам мезист. Ин деҳа аз ҷониби шимол то меҳмонхонаи ҳозираи «Авасто», аз ҷануб то кӯчаи Шотемур, аз шарқ  то чойхонаи «Роҳат», аз ғарб то нишебии соҳили дарёи Душанберо ишғол мекард. Дар деҳа қалъаи начандон калоне воқеъ буд, ки дар он гарнизони ҳарбӣ ҷойгир буд. Дар атрофи қалъа хонаҳои похсагин бо бомҳои бо қамиш пӯшидашуда ҷой гирифта буданд. Душанберо бо дигар минтақаҳо кӯпрукҳои чӯбин мепайвастанд.

Пас аз заминларзаи 8 сентябри соли 1907 дар Қаротоғ, ки бар асари он ҳазорон нафар ҳалок гардиданд, беки Ҳисор Шоҳимардонқул барои таъмини бехатарии худ бо оилааш ба Душанбе мекӯчад ва онро истироҳатгоҳи тобистонаи хеш қарор медиҳад. Аз ҳамин вақт сар карда, Душанбе ба маркази тобистонаи бекҳои Ҳисор мубаддал мегардад. Ба маркази маъмурии водии Ҳисор табдил ёфтани шаҳр ба якбора зиёд шудани аҳолии он мусоидат менамояд. То соли 1920 аҳолии шаҳр то 14-16 ҳазор нафар меафзояд.

Аҳолии Душанбе асосан аз деҳқонон, савдогарон, ҳунармандон ва  судхӯрон иборат буд. Қисми камтарро ғуломон, хизматгорон ва аробакашҳо ташкил медоданд. Дар ибтидои асри XX  дар шаҳр ба ғайр аз тоҷикон, ки аксари кулли аҳолиро ташкил медоданд, ӯзбекҳо, афғонҳо, ҳиндувон, чиниҳо, яҳудиёни бухороӣ, эрониён ва ғайра зиндагӣ мекарданд.

Тамоми ҳукумати маъмуриро беки Ҳисор бо дастгоҳи мансабдоронаш, ки ба он амлокдорон, ясавулбошӣ, девонбегӣ ва ғайра шомил буданд, иҷро мекард. Амлокдорони Душанбе ба беки Ҳисор тобеъ буданд, охирин амлокдори Душанбе Элҷон буда, ӯ дар як вақт ҷонишини беки Ҳисор низ буд.

Душанбе бо боғоти мевагии бошукӯҳу чинорҳои куҳансолаш, ки зери онҳо чойхонаҳо ва кӯкнорхонаҳо ҷой гирифта буданд ва  бозиҳои саргармкунанда –бедонабозию кабкбозӣ меоростанд, диққатро ҷалб мекард. Сокинони он бо ҳунармандӣ низ шӯҳрат доштанд.

Дар асри X1X ва ибтидои асри XX мансабдорони бешумори ҳарбӣ ва олимони хориҷӣ –Ҷ. Вуд, С. Гедин, Лилиентал, Б. Литвинов, А. Федченко, М. Маев, Н. Минаев, В.И. Липский ва дигарон ба Душанбе омаданд. Маҳз навиштаҳои онҳо ба мо имкон медиҳанд, ки ҳаёти он давраи Душанберо то дараҷае омӯзем.

Шаҳр бо оби канали сунъии Ҳазора таъмин карда мешуд. Канали дигар-канали Шоҳмансур буд, ки аз дарёи Кофарниҳон меомад ва қад-қади кӯчаи имрӯзаи Айнӣ мегузашт.

Дар Душанбе рӯзҳои асосии ҳафта якшанбе ва чоршанбе ба ҳисоб мерафтанд. Ба шаҳр аз тамоми Бухорои Шарқӣ  ва мамолики хориҷӣ савдогарону харидорон, ки барояшон зиёда аз 300 дӯкон хизмат мекарданд, ҷамъ меомаданд. Дар майдони бозор 12 чойхона сохта шуда буд, ки дар сояи чанорҳои бисёрасра чой гирифта, ба мардум хизмат мекарданд. Соли 1911 бо фармони Генерал –губернатори Туркистон ба Бухорои Шарқӣ отряди духтурон ва муҳандисони рус бо мақсади омӯзиши вазъи эпидемиологӣ дар маҳал ва сохтмони беморхона фиристода мешаванд. Ин беморхона дар шаҳри  Душанбе сохта мешавад, ки аввалин бинои шакли аврупоӣ дар шаҳр ва тамоми Бухорои Шарқӣ  буд. Бино соли 1915 қомат рост карда, аз сабаби ҷанги якуми ҷаҳон то охир сохтмони он анҷом наёфт. Ин бино бо номи «хонаи русӣ» машҳур буд.

Куллан тағйир ёфтани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии аморати Бухоро ва пошхӯрии он, таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва пойдоршавии сохти шӯравӣ  ба он мусоидат намуданд, ки дар ибтидои солҳои 20-и асри сипаришуда шаҳри Душанбе оҳиста-оҳиста ба маркази маъмурии Бухорои Шарқӣ  ва сипас  Тоҷикистони тозабунёд табдил ёбад. Муҳимтарин воқеоти сиёсии минтақа минбаъд дар ҳамин собиқ деҳаи кӯчак сурат мегиранд.

Баробари таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро,  ки собиқ бекигариҳои аморатро ба вилоятҳо табдил дод (бо баъзе тағйироти марзиву номҳо) вилояти Душанбе низ таъсис дода шуд ва аз 20 октябр то 31 декабри соли 1920 шаҳри  Душанбе маркази маъмурии вилояти Душанбе маҳсуб меёфт, ҳарчанд, ки аз миёнаҳои моҳи сентябри соли 1920 то 21 феврали 1921 дар шаҳр амири фирорӣ  маскан гирифта, онро ба маркази мубориза алайҳи сохти нави шӯравӣ  табдил дода буд. Дар ин ҷо амир сафи артиши хешро пурра намуда, ба муҳориба омодагӣ  мегирифт. Вале ӯ дар шаҳр зиёд истода натавонист, зеро қӯшунҳои якҷояи Артиши Сурх ва Ҷумҳурии Ҳалқии Шӯравии Бухоро ӯро дунболагир намуда, ба озодкунии Бухорои Шарқӣ  (ҳудуди имрӯзаи  Тоҷикистони ҷанубиву марказӣ ) аз амир ва тарафдорони ӯ оғоз намуданд. Ин дастаи муттаҳида, ки дар таърих бо номи Отряди экспедитсионии ҳарбӣ-сиёсии Ҳисор ном гирифтааст, дар як муддати кӯтоҳ тамоми Бухорои Шарқиро таҳти назорати хеш қарор дода, амирро маҷбур сохт, ки ба Афғонистон фирор намояд.

Пас аз ишғоли Душанбе ва дигар навоҳии Бухорои шарқӣ моҳҳои феврал-марти соли 1921 намояндагони масъули ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Бухоро ба шаҳр меоянд ва ба созмон додани органҳои нави ҳокимият машғул мешаванд. Онҳо дар ин ҷо сараввал кумитаи инқилобии тумани Душанберо таъсис доданд, ки ба вилояти Ҳисор шомил буд. Ғайр аз намояндагони масъули ҳукумати Бухоро қароргоҳи отряди ҳарбӣ -сиёсии Ҳисор низ дар Душанбе мемонад. Аз ҳамон  вақт ба баъд Душанбе ба маркази сиёсиву маъмурии Бухорои Шарқӣ  табдил меёбад.

Кумитаҳои инкилобӣ  – органҳои фавқулодаи ҳокимияти Шӯравӣ  буданд, ки дар ибтидои барпо сохтани ин шакли давлатдорӣ то таъсиси Шӯроҳо муваққатан вазифаи онҳоро иҷро мекарданд.

Минбаъд кумитаи инқилобӣ  тамоми ҳаёти шаҳрро идора мекунад. Дар тӯли фаъолияти на он қадар тӯлонии хеш (камтар аз як сол) кумитаи инқилобии Душанбе (аз моҳи марти соли 1921 Душанбе ба вилоят мубаддал мешавад) асосан ба кори ташвиқу тарғиби мардум нисбат ба ғояҳои давлати навтаъсис машғул буданд. Дар як вақт кӯшиши амалӣ  сохтани дигаргуниҳои фарҳангӣ  низ ба назар мерасид.

Пас аз маркази вилояти Душанбе интихоб намудани шаҳр моҳи марти соли 1921 дар ин ҷо Назорати вилоятии маориф ба кор оғоз мекунад. Дар муддати кӯтоҳ ин ташкилот тавонист корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Аз  ҷумла, моҳи апрели ҳамон сол дар пойтахт курси семоҳаи таълимӣ  ба кор шурӯъ намуда, дар он қариб 40 нафар таълим мегирифтанд. Аз сабаби нарасидани муаллимон вазифаи онҳоро мудири шуъбаи маорифи вилоят, сардори милитсия, котиби кумитаи инкилобӣ  ва амсоли онҳо иҷро мекарданд. Бо кӯшиши шуъбаи вилоятии маориф дар Душанбе анҷумани аввалин кормандони маорифи вилоят барпо мегардад, ки масъалаи ҷорӣ  намудани корҳои таълимиро дар ҳудуди вилоят баррасӣ  менамояд. Дар ҳамин давра ҳукумати Ҷумҳурии Бухоро ба ин ҷо 12 нафар муаллимонро бо лавозимоти таълимӣ  мефиристад, то талабагон ба таълим фаро гирифта шаванд.

Яке аз воқеоти хотирмони ин сол бори аввал дар Душанбе ҷашн гирифтани иди 1 май буд. Дар ин рӯз дар шаҳр паради ҳарбии гарнизони шаҳр барпо шуда, аҳолии зиёдеро ҷамъ меорад. Ба муносибати иди меҳнаткашон дар ин рӯз аввалин «Чойхонаи сурх» кушода мешавад, ки дар маросими ифтитоҳии он намояндагони Артиши сурх суханронӣ  намуда, мақсаду мароми ҳокимияти нави шӯравиро ба аҳолӣ  мефаҳмонанд.

Бо вуҷуди ин, ҳангоми аз мухолифин озод намудани Бухорои Шарқӣ  намояндагони ҳукумати нав, бахусус аскарони сурх ба хатоиҳое роҳ доданд, ки ба шӯришҳои зиддишӯравӣ  сабаб гаштанд. Аз нимаи дуюми моҳи маи соли 1921 дар Бухорои Шарқӣ  ошӯбҳо паси ҳам сар заданд ва то моҳи декабри ҳамон сол тамоми қаламрави  Бухорои Шарқӣ ба дасти қувваҳои зиддишӯравӣ  гузашт.

Бахусус  мубориза барои ба даст овардани Душанбе тирамоҳи соли 1921 хеле тезутунд сурат гирифт. Қувваҳои мухолифин, ки зери роҳбарии Анварпошшо амал мекарданд, тавонистанд қувваҳои Артиши сурхро маҷбур созанд, ки Душанберо тарк кунанд.

Мубориза барои Бухорои Шарқӣ  идома меёфт. Ҳукумати нави шӯравӣ  аз хатоҳои рухдода хулоса бароварда, якчанд тадбир андешид, то майли аҳолии минтақаро ба сӯи хеш кашад. Пас аз таъсиси Комиссияи Фавқулодаи Диктаторӣ  оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ  ва якчанд қарордодҳои дигар  аскарони сурх ба комёбиҳо ноил шуданд. Ин ҳолат имкон дод, ки соли 1922 Бухорои Шарқӣ  аз нав ба зери назорати Ҳукумати Шӯравӣ гузарад.

14 июли соли 1922 шаҳри Душанбе аз нав ба дасти аскарони сурх гузашт. Бо қарори сессияи 4-и КИМ-и умумибухороӣ  Душанбе маркази Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ  интихоб карда мешавад ва аз 1 сентябри ҳамон сол фаъолияти хешро дар Душанбе оғоз мекунад. Тибқи ҳамин қарор, Душанбе инчунин маркази чор вилояти навтаъсиси Бухорои Шарқӣ  — Ғарм, Ҳисор, Кӯлоб ва муваққатан Шеробод дониста мешавад.

Пас аз ин кумитаи инкилобӣ  ба корҳои барқаросозии шаҳр ва бозгардонидани аҳолии шаҳр, ки дар давраи задухӯрдҳои тирамоҳи соли 1921 – баҳори 1922 хонаҳои хешро тарк намуда буданд, оғоз мекунад. Раиси кумитаи инқилобии Душанбе Мирзо Саид Абдуллоев, ки аз моҳи июли ҳамон сол намояндагии КФД-ро барои таъсиси кумитаи инқилобии вилояти Душанбе ба уҳда дошт, таъйин мешавад. Кумитаи инкилобӣ  дар ин давра бо мардуми шаҳр ва атрофи он суҳбатҳо гузаронида, дар кентҳо сарварони кумитаҳои инкилобӣ  ва дар деҳаҳо оқсаққолҳоро таъйин менамояд. Инчунин кумита ҳаҷми хироҷро муайян менамояд, ки барои таъмини аҳолии шаҳр ва аскарони сурх бо хӯрока сарф мешуд. Аскарони сурх дар барқарор намудани биноҳои харобгашта, тоза намудани ҷӯйборҳо ва баровардани ахлот кумак мерасонданд.

Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ  бо мақсади пурра барқарор намудани шаҳри  Душанбе моҳи ноябри соли 1922 боргоҳи хешро ба Ҳисор мекӯчонад ва барои ҳарчӣ  зудтар барқарор сохтани шаҳр тадбирҳои иловагӣ  меандешад. Аз  ҷумла, КФД кумитаи инқилобии Душанберо вазифадор менамояд, ки 500 нафар коргарро бо олоти кориашон барои ободии шаҳр сафарбар созад. Барои иҷрои ин қарор кумитаи инкилобӣ  аз Лақай, Ёвон, Файзобод, Норак, Ромит ва Хонақоҳ 50- нафарӣ  ҳунармандонро бо сарварии шахсони обрӯманди ин манотиқ ба Душанбе даъват менамояд. Ғайр аз ин, аз манотиқи номбаршуда 10-нафарӣ  устоҳои хонапӯш ва деворзан  ба Душанбе оварда мешаванд.

Ҳамин тариқ, аввалин бор корҳои муташаккилона ва мувофиқи нақша обод намудани шаҳр шурӯъ мешаванд. Ҳаёти осоишта дар пойтахти оянда оғоз мегардад ва шаҳр рӯз аз рӯз аз ҳисоби бозгаштагон ва навомадагон васеъ шудан мегирад. Дар он аввалин «кӯчаи шӯравӣ» пайдо мешавад. Сохтмони бинои почтаву телеграф, электростансия ва мактаб-интернат оғоз ёфта, дар шаҳр шуъбаи Госторг ба кор оғоз мекунад, аввалин кооперативи истеъмолӣ  арзи вуҷуд мекунад.

Вале аз Душанбе то марказ ягон хатти нақлиёт ханӯз мавҷуд набуд. Бинобар ин намояндаи ҳукумати марказ С.Каменев дар баромади хеш дар  ҷаласаи якҷояи Шӯрои Нозирони Халқ ва КИМ-и Бухоро бори аввал масъалаи ташкили нақлиёти давлатиро аз Тирмиз то Душанбе ба миён мегузорад ва барои амалӣ  сохтани ин иқдом таклиф менамояд, ки 500 ҳазор рубли тиллоӣ  ҷудо карда шавад. Номбурда   таъкид менамояд,  ки сохтмони ин роҳ аҳолиро аз хару ароба озод мекунад ва ба инкишофи минбаъдаи шаҳр мусоидат менамояд. Ба муқобилияти қисми зиёди аъзои ҳукумат нигоҳ накарда, бо ин мақсад 300 ҳазор рубли тилло ҷудо карда мешавад.

Соли 1923 ба Душанбе аз Қаршӣ  се ҳазор нусха китоб меоранд, ки дар асоси онҳо аввалин китобхона бунёд меёбад. Худи ҳамон сол матбааи  хурд ба кор медарояд. Моҳи декабри соли 1923 аввалин маротиба дар Душанбе рӯзномаи ҳарбиён «По басмачу» чоп мешавад.

Аввали соли 1922  ва ибтидои соли 1923 дар шаҳр аввалин амбулатория ва  стансияи пешгирии касалиҳои сирояткунанда (противомалярийная ст.) ба кор шурӯъ мекунанд.

Аз нимаи дуюми соли 1924 вазъият дар Бухорои Шарқӣ  то андозае муътадил мегардад ва имконияти пиёда намудани чорабиниҳои сиёсӣ  пайдо мешавад. Аз ин хотир, бо қарори Кумитаи Марказии Умумибухороӣ  аз 7 июни соли 1924 Комиссияи Фавқулодаи Диктаторӣ  фаъолияти хешро хотима медиҳад ва ба ҷои он Кумитаи Марказии Иҷроияи муваққатии шӯрои вакилони халқи Бухорои Шарқӣ  бо марказ дар Душанбе созмон меёбад. Ин органи демократии ҳокимият давоми моҳҳои июл-августи соли 1924 дар Бухорои Шарқӣ  маъракаи интихоботи вакилонро барпо мекунад.  Моҳи сентябри соли 1924 дар натиҷаи ин интихобот анҷумани якуми Шӯрои вакилони халқи Бухорои Шарқӣ  барпо мешавад. Ин анҷумани таърихӣ  масоили ба пуррагӣ  маҳв сохтани босмачигарӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ, тақсимоти миллӣ-марзии халқҳои Осиёи Миёнаро баррасӣ  ва қарорҳои дахлдор қабул менамояд. Анҷуман инчунин ҳайати роҳбарикунандаи КИМ-и Бухорои Шарқӣ  ва вакилонро ба анҷумани V умумибухороии Шӯроҳо интихоб мекунад. Бояд зикр намуд, ки дар Душанбе баргузор шудани ин анҷуман ва ширкати аҳолии камбизоат ба сифати вакил аҳамияти бузурги таърихӣ  дошта, боварии мардумро ба ҳукумати нав афзуд, дар шуури мардуми асрҳо бе ҳуқуқу бе пуштибон инқилоберо ба вуҷуд овард.

Боиси таваҷҷуҳ аст, ки дар рӯзи дуюми кори анҷумани якуми Шӯроҳои Бухорои Шарқӣ  ба ифтихори чорумин солгарди инқилоби Бухоро дар шаҳри  Душанбе аввалин электростансияи дизелӣ  ба кор шурӯъ намуд, ки қобилияти таъмини 200 нуқтаи равшанидиҳандаро бо барқ  бархӯрдор буд. Ин иқдом барои тамоми шаҳри онвақтаро бо равшанӣ  таъмин намудан басанда буд.

Ҳамин тариқ, пас аз баргузор шудани анҷумани 1-и Шӯроҳои вакилони халқи Бухорои Шарқӣ  ва маркази он таъйин шудани шаҳри  Душанбе, пойтахти минбаъда мақоми худро ҳамчун маркази минтақа мустаҳкам месозад ва муҳимтарин масоили ҳаёти Бухорои Шарқӣ дар Душанбе баррасӣ  мешаванд.

14 октябри соли 1924 сессияи навбатии КИМ-и Умумироссиягӣ  дар хусуси тақсимоти марзи миллии Осиёи Миёна қарор қабул менамояд. Тибқи қарори мазкур,  Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии  Тоҷикистон созмон меёбад ва дар ҳамин асос 26 ноябри соли 1924 дар шаҳри  Тошканд органи муваққатии ҳокимияти Ҷумҳурии Мухтор – Кумитаи инқилобии ҶМШС  Тоҷикистон (то даъвати анҷумани муассисон) таъсис меёбад. Аз сабаби он, ки ҳайати ҳукумати  ҷумҳурӣ  дар шаҳри Тошканд қарор доштанд, онҳо то омадан ба Душанбе дар Тошканд якчанд ҷаласа мегузаронанд, ки аксар ба масоили ташкилӣ  ва ба Душанбе интиқол додани пойтахт бахшида шуда буданд.

Аввалин  ҷаласаи ҳукумати  Тоҷикистон – Кумитаи инкилобӣ  7 декабри соли 1924 дар шаҳри  Тошканд бо иштироки Б.Додобоев, Ҳомидов, Ч.Имомов, Ҳоҷӣ  Раҳматулло Бобоҷонов, С.Соколов, Ш.Шотемур, А. Қурбӣ, И.Федко ва ба таври даъват- Дяков Ҷ. Зокирӣ  ва М.Исмоилов  баргузор мешавад.

Масъалаи асосии  ҷаласаи аввалин ба маркази ҷумҳурӣ  – шаҳри  Душанбе кӯчонидани ҳукумат буд, ки дар ин бора узви ҳукумат- С.Соколов маърӯза намуд. Тибқи қарори қабулшуда, рӯзи ба Душанбе омадан 29 декабр муайян шуд. Узви Кумитаи инқилобӣ  Шириншо Шотемур вазифадор карда мешавад, ки пешакӣ  ба Душанбе рафта, барои ҳукумат ва муассисаҳои ҳукуматӣ  биноҳои мувофиқ интихоб намояд ва барои иҷрои ин чораҳо 10 ҳазор рубл ҷудо карда мешавад. Мувофиқи ҳамин қарор комиссияи техникӣ  дар ҳайати  Б.Додобоев. Ҷ. Зокирӣ ва Счастнев таъсис дода мешавад, ки корҳои омодагиро барои интиқоли дастгоҳи ҳукумат ба Душанбе ба зимма мегирад.

Маросими интиқоли ҳукумат ба пойтахт мувофиқи нақша сурат нагирифт, зеро набудани роҳ ва хатари ҳуҷуми дастаи Иброҳимбек монеаҳо ба вуҷуд оварда буданд.

Бинобар ин, ҳайати якуми ҳукумат на 29 декабр, балки 16 январи соли 1925 ба воситаи ҳавопаймо ба Душанбе омад. Боқимонда аъзои ҳукумат бо аспу ароба ва таҳти муҳофизати ҳарбиёни полки 13-и тирандозии кӯҳӣ  (горнострелковый) пас аз ду ҳафта ба Душанбе меоянд ва танҳо 5 феврали соли 1925 ҳайати ҳукумат дар Душанбе пурра ҷамъ мешавад.

Ҳамин тариқ, воқеоти ибтидои солҳои бистум, ки дар собиқ аморати Бухоро ба вуқӯъ пайвастанд, вазъи ҷамъиятиву сиёсии минтақаро ба куллӣ  тағйир доданд. Ин ба он мусоидат намуд, ки собиқ деҳае, ки дар ҳаёти сиёсии минтақа саҳме надошт, ба яке аз марказҳои маъмуриву сиёсии Осиёи Миёна мубаддал гардад ва минбаъд ҳамчун пойтахти ҶШС  Тоҷикистону имрӯз ба сифати пойтахти  Тоҷикистони соҳибистиқлол шинохта шавад.

2 ноябри соли 1926 дар ҷаласаи Раёсати Кумитаи инқилобии ҶШМС Тоҷикистон (суратҷаласаи №23) нақшаи аз ҷониби меъморон тартибдодаи шаҳри Душанбе аз назар гузаронида шуда, доир ба номи аввалин кӯчаҳои шаҳр ва он ҷойҳое, ки онҳо мегузаранд, қарор карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки «ноҳияҳои зерини кӯчаҳои Душанбе-Ленин, Коммунистӣ, Интернатсионал, Советӣ, Карл Маркс, Деҳқон, Қӯрғонтеппа… ҳамагӣ ҷамъ 18 номгӯй тасдиқ  карда шавад».

27 апрели соли 1927 Шӯрои комиссарони халқи ҶШМС Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе»  қарор қабул намуд, ки барои шаҳрсозии мураттаб аз рӯи барнома замина муҳайё намуд. Соли 1927 аз рӯи лоиҳаи меъмор П.И. Ваулин дар Душанбе аввалин қасри бошукӯҳ  барои гузаронидани анҷуман, конференсия ва ҷаласаҳои гуногун – Қасри деҳқон сохта шуд. То соли 2018 дар ин бино Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский ҷойгир буд. Соли 1928 ҷанубтар аз собиқ кинотеатри ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои Комиҷроияи Марказии ҶШМС Тоҷикистон сохта шуд.

Ташкили ҶШС Тоҷикистон дар роҳи минбаъдаи давлатдории халқи тоҷик давраи муҳим ба шумор мерафт. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав пайдо гашт, ки пойтахти он шаҳри Душанбе гардид. 19 октябри соли 1929 Анҷумани фавқулодаи Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон дар хусуси табдил додани номи Душанбе ба Сталинобод қарор қабул намуд. 1 декабр Раёсати КИМ ИҶШС ба қарори Анҷумани фавқулодаи Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон дар хусуси табдил додани Душанбе ба Сталинобод ризоият дод.

10 сентябри соли 1929 ба Душанбе қатораи нахустин омад. Алоқаи роҳи оҳан бо Маскав кушода гардид. Маҳз аз ҳамин давра болоравии  қатъии иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ба василаи қатораҳои аввалин барои сохтмони заводҳо оид ба  тайёр намудани хишти пухта ва оҳану бетон таҷҳизоти зарурӣ оварда шуданд.

Соли 1930 Ҳукумати Тоҷикистон аввалин лоиҳаи банақшагирии шаҳри Душанберо тасдиқ  намуд. Моҳи феврали соли 1930 дар ҷаласаи Шӯрои шаҳри Душанбе оид ба сохтмони фурудгоҳ дар қафои бинои вокзали роҳи оҳан ва харидорӣ намудани таҷҳизот ба маблағи 100 ҳазор сӯм қарор қабул карда шуд. Аз соли 1931 дар Душанбе ба таври доимӣ ду ҳавопаймои Ф –13 ҷойгир гашта, дар назди Шӯрои шаҳр аэроузел ташкил карда шуд. Миёнаҳои солҳои 30-юм  фурудгоҳ бо ҳавопаймоҳои тамғаи АНТ –9, ПС-5, П-5, Стал –2 пурра карда шуд.

Дар нимаи якуми солҳои 30-юм аз рӯи лоиҳаи меъмор П.И. Ваулин дар Душанбе нахустин биноҳои дуошёна-Кумитаи Шӯрои халқ  (рӯ ба рӯи бинои Ҳукумати шаҳр) ва Комиссариати халқии кишоварзӣ (ҳозира бинои Вазорати адлия) сохта шуд. Соли 1934 дар хиёбони ба номи академикҳо  Раҷабовҳо (собиқ кӯчаи ба номи Куйбишев) аввалин мактаби тоҷикии дуошёна сохта шуд, ки ҳоло дар ин бино Осорхонаи бостоншиносони Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Моҳи июни соли 1935 дар кӯчаи Лоҳутӣ (хиёбони Рӯдакӣ) ба сохтмони бинои Кумитаи марказии ҳизби Коммунистии (КМ ҲҚ ) Тоҷикистон ба гармидиҳии буғӣ оғоз намуданд (ҳозира бинои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар ҳамин сол бинои Бонки давлатӣ (имрӯза Бонки Миллии Тоҷикистон) ба истифода дода шуд.

Дар солҳои 30-юм индустриякунонии батадриҷи шаҳр оғоз ёфт, ки дар натиҷаи он 20 корхонаи саноатӣ – заводҳои хишт, чарм, чӯбкоркунанда, таъмири мошинҳо, пивокашӣ, гаҷбарорӣ, шоҳибофӣ, ду фабрикаи дӯзандагӣ, комбинати гӯшт, НБО – и Варзоб ва ғайра мавриди истифода қарор гирифтанд.

3 марти соли 1938 Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи генералии шаҳри Душанберо, ки меъморони ленинградӣ (имрӯза петербургӣ)  М. Баранов, Н.Баранов, муҳандисон Г. Сидко ва Г.Шлеховский таҳия намуда буданд, тасдиқ  намуд. Нақша барои 170 ҳазор нафар истиқоматкунандагон муқаррар шуда буд ва сохтмони шаҳр танҳо дар соҳили чапи дарёи Душанбе пешбинӣ шуда буд. Вале аллакай соли 1939 сохтмончиёни пойтахт ба соҳили рости дарёи Душанбе қадам ниҳоданд. Ҷавонони шаҳр ба сохтмони кӯли Комсомол ва боғи он шурӯъ намуданд. Корҳо оид ба  бунёд намудани иншооти варзишӣ, ки ба оғози сохтмони комплекси бузурги варзишӣ асос гузоштанд, оғоз  шуданд.

23 январи соли 1939 бо фармони Раёсати Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар Душанбе се ноҳияи маъмурӣ –Душанбе (аз соли 1961 ноҳияи Октябр, аз соли 1999 –ноҳияи Исмоили Сомонӣ), Марказӣ ва Роҳи Оҳан таъсис дода шуданд.

Дар соли 1939 шумораи аҳолии Душанбе ба 82,5 ҳазор нафар расида буд.

Душанбе дар ду даҳсолаи аввал ҳамчун пойтахт роҳи пуршарафи меҳнатиро тай намуд. Вале дар пеши чашм Душанбе аз деҳаи кӯчак ба шаҳри замонавӣ мубаддал гардид. Душанбе дар индустриякунонии Тоҷикистон саҳми зиёд гузошт. Маҳсулоти он ба сохтмонҳои муҳимтарин ва корхонаҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ расонда мешуданд. Синфи коргари пойтахт дар баланд бардоштани хоҷагии кишоварзӣ ва гузаронидани системаҳои муҳими ирригатсионӣ кумаки зиёд расонд. Душанбе маркази фарҳангии мамлакат гардид. Дар ин ҷо бештари мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ мутамарказонида шуданд, беҳтарин кадрҳои илмӣ меҳнат мекарданд, аҳли санъату адаб фаъолияти эҷодӣ  мекарданд.

Субҳи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум намуд. Ҳукумати Шӯравӣ дар изҳороти худ ба воситаи радио ҳамон рӯз халқ  ва армияро барои муборизаи беамон ба зидди истилогарон даъват намуд.  Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз ёфт.

Фиристодагони Душанбе дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон мардонагӣ ва диловарӣ зоҳир мекарданд. Ягон задухӯрди калоне набуд, ки дар он ҷанговарони душанбегӣ иштирок надошта бошанд. Даҳҳо ҳазори онҳо бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шуданд. Ба ҳаждаҳ нафар душанбегиҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Фиристодагони Душанбе бо мардонагию диловарӣ дар ғалабаи умум бар душман саҳми арзанда  гузоштаанд.

Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон хоҷагии халқи Душанбе ба тарзи ҳарбӣ гузаронида шуд. Сохтмонҳои саноатӣ якбора паст рафт, зеро маблағгузории асосӣ дар навбати аввал барои тадбирҳои мудофиавӣ масраф мегаштанд. Бо вуҷуди ин, дар ҳамин давра навбати аввали комбинати бофандагӣ, заводи семент, фабрикаи трикотаж, якчанд корхонаҳои соҳаи озуқа, Канали Калони Ҳисор ба истифода дода шуданд.

Ҳамасола симои шаҳри Душанбе низ зеботар мегашт. Аз соли 1946 васеъ намудану асфалтпӯш кардани кӯчаҳо оғоз гардид. Дар нимаи дуюми солҳои 40-ум сохтмони муҷтамаи зебое, ки сохтмонаш аз соли 1939 оғоз ёфта буд, ба охир расид. Нақшаи асосиро дар он Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, майдони ба номи 800-солагии Москва, меҳмонхонаи «Вахш» ва бинои истиқоматии сеошёна бо мағозааш мебозиданд. Дар айни замон майдони ба номи 800-солагии Москва яке аз ҷойҳои зеботарини пойтахт ба ҳисоб меравад.

Соли 1946 сохтмони Қасри Ҳукумат, ки ҳоло дар он Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст, ҳамчунин майдони Дӯстӣ ба охир расонда шуд.

Соли 1964 меъморони Тоҷикистон «Муқаррароти асосии инкишофи шаҳри Душанбе барои солҳои 1965-1980» (муаллифон В. Пекарский, И. Ткачев, С. Самонина, Т. Терешенко, В. Бирюков)-ро пешниҳод карданд, ки дар ин маврид он барои 460 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шуда буд. Ин муқаррарот дар шакли лоиҳаи сохтмони Душанбе, ки 25 апрели соли 1966 тасдиқ  ёфт, барои сохтмони муттасили шаҳракҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Московский, хиёбони Саъдии Шерозӣ, маҳаллаҳои истиқоматии 1 ва 2-юми Советӣ, микрорайони 82 такони сахт буд. Дар ибтидои солҳои 60-ум фурудгоҳ, вокзали роҳи оҳан, меҳмонхонаи «Душанбе», калонтарин дар Осиёи Миёна беморхонаи клиникии № 3 сохта шуданд.

Дар солҳои 70-80 кӯча ва хиёбонҳои пойтахтро биноҳои нави бошукӯҳ – Пажӯҳишгоҳҳои бешумори Академияи илмҳо, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амният, муҷтамаи ёдгории Садриддин Айнӣ, меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ва «Авесто», муассисаҳои фарҳангӣ – Қасри фарҳангии иттифоқҳои касаба, Маҷмааи киною консертии «Борбад», Сирк, Театри бачагонаи лӯхтак, Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов, мактабҳои олии таълимӣ – Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи тарбияи бадан ва варзиш, Донишкадаи забонҳо зеб доданд. Навбатҳои аввали комплексҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ- Дӯстии халқҳо, Ғалаба бо муҷтамаи ёдгориаш, даҳҳо биноҳои ҷамъиятӣ, таълимгоҳҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, муассисаҳои тиббӣ, даҳҳо боғу кинотеатрҳо ва ғайра ба истифода дода шуданд. Дар роҳҳо гузаргоҳҳои пиёдарави зеризаминӣ сохта шуданд.

Соли 1984 ба муносибати 50-солагии ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комёбиҳои хоҷагию фарҳангӣ, инчунин саҳми меҳнаткашони тоҷик дар таъмини ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС шаҳри Душанбе бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуд.

Абдулло ҒАФУРОВ,
номзади илмҳои таърих,
дотсент

Апрель 20, 2019 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид