ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ СИРК. Ҳунармандони Сирки давлатӣ кӯшиш мекунанд, ки ба жанрҳои ин санъат хусусияти миллӣ зам намоянд

Апрель 20, 2019 11:21

ДУШАНБЕ, 20.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2010 инҷониб бо ташаббуси Ассотсиатсияи сирки аврупо ва Федератсияи байналмилалии сирк шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии сирк ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки Сирки давлатии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои фарҳангию дилхушии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Сирки давлатии Тоҷикистон дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе  ҷойгир буда, соли 1929  таъсис ёфтааст ва имсол ба таъсиси он 90 сол пур мешавад.

Cирк макони фароғатӣ барои пиру ҷавон буда, ба он метавон бо аҳли хонавода рафт. Дар ин тафреҳгоҳ  ҳар нафар он чизеро тамошо мекунад, ки маҳз барои ӯ офарида шудааст. Ҳанӯз дар давраҳои қадим санъати сирк ташаккул ёфта буд, жанрҳои сиркӣ ба вуҷуд омада, мардум бо шавқи беандоза ба намоишҳои сиркӣ мерафтанд.

Масалан, дар Рими қадим сиркҳо бисёр буданд, аммо машҳуртаринаш «Circus Maximas» (Сирки бузург) буд, ки ҳанӯз соли 7-уми пеш аз мелод фаъолият мекард. Ривоят мекунанд, ки худи Юлий Сезар ба намоишҳои «Circus Maximas» мерафтааст. Бинои «Circus Maximas» шакли ҳарфи лотинии U- ро доштааст, ки дар заминаи он дигар сиркҳо сохта шуданд. Аз байн нарафтани сирк муддати ду ҳазорсола ва рӯз аз рӯз ба вуҷуд омадани жанрҳои нави ҳунари сиркӣ далели он аст, ки ин ҳунар пойдор аст.

Маънои калимаи «сирк» давра буда, саҳнаи давраи сирк, ки дар он ҳунармандон баромад мекунанд, ба дарозии 13 метр барои давиши аспон сохта шудааст. Аввалин маротиба 2 июни соли 1929 Сирки тоҷик таъсис ёфт, ки сарварии онро Вилиамс (аввалин директори сирк) ба зимма дошт.

Соли 1933 боз як гӯруҳи мукаммали нави сиркӣ рӯи кор меояд. Сирки давлатии Тоҷикистон соли 1935 ба бинои нав кӯчид, ки дар паҳлӯи майдони варзишии «Спартак» ҷой гирифта, аз чӯбу тахта сохта шуда буд. Соли 1968 фаъолияти сирк аз нав таъсис дода мешавад. Моҳи декабри соли 1977 дар шаҳри Душанбе бинои нави муҳташами ҳозираи Cирки давлатии тоҷик дарҳои худро ба рӯи мухлисонаш боз мекунад. Аз 23 июли соли 1970 то соли 1991 муассисаи Сирки давлатии шаҳри Душанбе ба системаи «Союзгоссирк» дохил буд. Соли 1992 Сирки шаҳри Душанбе ба ихтиёри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт ва дар заминаи он Иттиҳодияи давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷиксирк» таъсис дода шуд.

Дар Сирки давлатии Тоҷикистон жанрҳои гуногунро дидан мумкин аст. Аз ҷумла, гимнастика, акробатика, дрессура (ромкунандаи ҳайвонот), эквилибристика (мувозинатнигаҳдорӣ), клоунада (масхарабоз), жанглёр (саққобоз), атлетика (вазнбардор), фокус (ҷодугар).

Имрӯз ҳунармандони Сирки давлатӣ кӯшиш мекунанд, ки ба жанрҳои санъати сирк хусусияти миллӣ зам намоянд. Масалан, духтарони дорбоз дар рӯйи саҳна бо либоси миллӣ баромад мекунанд.

Ба зикри масхарабоз ва ҳунарманди сирк Ҷамолиддин Самариддинов, имрӯз ободонии сирк назар ба солҳои пеш беҳтар шудааст. «Хушбахтона, сафарҳои ҳунарӣ хеле зиёд шудаанд. Баъзе аз ҳунармандони ҷавон барои таҳсил ба дигар кишварҳо равон карда мешаванд. Аз худи Сирк чанд ҷавонро ба Россия равон карданд ва онҳо таҳсил карда омаданд. Кормандони Сирки тоҷик ҳамеша дар ҷустуҷӯву навгониҳоянд»,- иброз медорад ҳунарманди соҳибтаҷриба.

Ҷамолиддин Самариддинов, ки тамоми ҳаёти худро ба санъати сирк бахшидааст, даме худро бе ин макон тасаввур карда наметавонад. Сирки тоҷик беҳтарин сирк аст, мегӯяд ӯ.

«Ҳангоми сафар ба Ҷумҳурии Федералии Германия бо фарзандонам ба тамошои сирк рафтем. Мушоҳида кардам, ки масхарабозон гурӯҳ-гурӯҳ дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд, ки маро онҳо ҳеҷ ба худ ҷалб карда натавонистанд. Пас, ба хулосае омадам, ки сирки мо аз ҷиҳати таҳияи барномаҳо ва иҷрои ҳунар ба куллӣ аз онҳо фарқ мекунад».

Дар ҳайати Сирки давлатии Тоҷикистон ҳамагӣ 3-4 духтар фаъолият мебаранд. Суоле ба миён меояд, ки оё 3-4 артист аз ҳисоби духтарон барои ягона Сирк басанда аст? Ба ин суол ҳунарпешаи Сирки давлатии Тоҷикистон Мастона Собирова чунин посух гуфт: «Албатта, басанда нест, ҷое мешавад, ки артистон ба ҳамдигар дар иҷрои нақшҳо кумак мекунанд. Духтарони мо дар ҳамаи бахшҳои барномаҳо, ки нақши онҳо зарур бошад, фаъолона иштирок мекунанд».

Сабаби аслии мушкилии нарасидани духтаронро Мастона чунин шарҳ дод: «Духтарон дар аввал бо мо кор мекунанд, вале бештари онҳо баъди  оила барпо кардан аз саҳна дур мешаванд».

Мастона Собирова аз аввалин дорбоздухтарони сирки тоҷик аст. Ӯ соли 2002 вақте дар гурӯҳи рақсии «Зебо» фаъолият дошт, барои кор ба Сирк даъват шуд. Ҳарчанд медонист, ки ин кор ба фарқ аз рақс хатарнок аст, вале даъватро пазируфт ва вазнашро ҳам ба кори сирк мувофиқ кард.

Бо вуҷуди он, ки Мастона соли 2016 ҳангоми ҳунарнамоӣ дар саҳна аз баландии 7 метр ба замин афтодааст, вале барои иҷро кардани нақшҳо ҳарос надорад ва намехоҳад аз касби дӯстдоштааш даст кашад ва аз ширинтарин лаҳзаҳо — кафкӯбии мухлисон ва шодии тамошобинон  маҳрум шавад.

Мастона мегӯяд: «Хуб мешуд, ки устодони варзидаи санъати сирк аз дигар давлатҳо омада, ба мо дарс мегуфтанд ва аз нозукиҳои касб моро огоҳ намуда, таҷрибаи худро ба мо меомӯхтанд».

Пас, маълум мегардад, ки имрӯз Сирки давлатии Тоҷикистон дар таҳияи барномаҳо мушкилӣ надорад, ҳарчанд ки ҳайати комилу пурра ҳам надорад. Яъне ҳамин 3- 4 духтар аз иҷрои ҳамаи жанрҳои номбурда мебароянд. Ва умед доранд, ки санъати сирки тоҷикро ба таври шоиста дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи мардум ба намоишҳои сиркӣ бештар шудааст. Ба зикри ҳунармандони сирки тоҷик имрӯз фарҳанги тамошои мардум низ хеле баланд шудааст. «Солҳои қабл тамошобинон ба иҷрои нақшҳо халал мерасонданд, шӯру мағал мекарданд, вале тамошобини имрӯза чунон бодиққат аст, ки ҳунармандон низ аз тамошову кафкӯбиҳои онҳо илҳоми дучанд мегиранд. Ин бурди сирк ва шаҳодати он аст, ки сирки тоҷик пеш рафта истодааст»,- мегӯяд Ҷамолиддин Самариддинов.

Мусаллам аст, ки сирк бе ҳайвонҳои ба инсон ромшуда ва дорои ягон амали ғайриодӣ маънӣ надорад. Вале, мутаассифона, имрӯз дар Сирки давлатии тоҷик на он қадар ҳайвоноти зиёд дида мешаванд.

Ба зикри ҳунарманди Сирки давлатии Тоҷикистон Шокирҷон Болтаев, саҳнаи Сирки тоҷик аз ҳайвонҳои ромшуда холӣ нест, ҳарчанд шуморашон хеле кам аст. Дар ин саҳна маймун,  саг, мори калони чорметра, сусмор, асп ва хирсро дидан мумкин аст. Бо вуҷуди доштани ҳайвоноти кам ҳунармандон бо онҳо бозии шавқовар нишон дода, диққати мардумро бештар ба худ ҷалб мекунанд. Зеро тамошобинон ба дидани ҳайвоноти ромшуда, бахусус ҳайвоноти ваҳшӣ ҳамеша таваҷҷуҳ доранд.

Бояд гуфт, ки имрӯз сирки тоҷик ба дастгирӣ ниёз дорад. Агар онҳо дастгирии молиявӣ меёфтанд, метавонистанд шумораи ҳайвоноти азимҷусса, аз қабили фил, шутур, шер ва ғайраро зиёд карда, сафи тамошобинонашонро низ зиёд кунанд. Ин дар навбати худ овозаи Сирки тоҷикро ба дуриҳо бурда, миқдори сафарҳои ҳунариашон низ меафзуд.

Бо вуҷуди ин ҳама ҳунарпешаҳои Сирки давлатии Тоҷикистон имрӯз аз субҳ то шом бо ҷидду ҷаҳд пайи омода кардани намоишҳои наву рангинанд.  Ҳунармандони сирк мегӯянд, ки дари онҳо барои мухлисону ҳаводоронашон ҳамеша боз аст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Апрель 20, 2019 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 80 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Ҳайати Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
«ҶАҲОНИ ОЯНДА». Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе беш аз 200 асари рассомони ҷавони Тоҷикистону Чин ба намоиш гузошта шуд
Дар Душанбе густариши ҳамкорӣ дар самтҳои техника ва таҳқиқоти илмӣ баррасӣ гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШРАФТУ ПИРӮЗИИ МО. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
«КОРВОНИ КИТОБ». Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт китоб тақдим мегардад
БА ҚАДРИ СУЛҲУ СУБОТ БОЯД РАСИД! Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид
«СИМОИ ЗАН ДАР ЭҶОДИЁТИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Хоруғ даври вилоятии ин озмун оғоз гардид
27-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунанда ташкил гардидааст
Афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тамошои Осорхонаи миллӣ омаданд
«СИ ҶИНПИН ДАР БОРАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ». Маҳфили китобдӯстони Тоҷикистону Чин дар Душанбе ба ин мавзуъ бахшида шуд