Маҷмӯаи «Устод Лоиқ ва забони миллӣ» ба нашр расид

Апрель 4, 2019 13:54

ДУШАНБЕ, 04.04.2019/АМИТ «Ховар»/. «Устод Лоиқ ва забони миллӣ» — чунин ном дорад  маҷмӯаи маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Нақши устод Лоиқ дар рушди забони миллӣ», ки  тавассути матбааи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  ба нашр расидааст.
Дар маҷмӯи мазкур мақолаҳои  профессорон Нуъмонҷон Ғаффорӣ «Бозтоби ормонҳои миллӣ дар осори устод Лоиқ», Ҳайдаршо Пирумшо «Назму низоми таърих дар набзи шеъри Лоиқ», Абдунабӣ Сатторзода «Лоиқ ва шеъри ҳолат» ва Саидмуроди Хоҷазод «Забон ва Ватан ду рукни умда дар осори Лоиқ» гирд омадаанд, ки ҷанбаҳои худшиносиву худогоҳии миллиро дар осори Лоиқ  ба риштаи таҳлил кашидаанд.

Махсусиятҳои забони осори устод Лоиқ ва нақши он дар рушди забони тоҷикӣ, таҳаввули жанри дубайтӣ дар ашъори ӯ, таъсири осори классикон ба эҷодиёти устод Лоиқ ва пажӯҳиши ҷанбаҳои дигари ашъори устоди сухан меҳвари аслии маҷмӯаро ташкил медиҳад.

Маҷмӯа барои пажӯҳишгарони осори шоир, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯёну донишҷӯён ва ҳаводорони ашъори устод Лоиқ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки устод Лоиқ аз бузургтарин суханварони охири садаи XX аст, ки бо ашъори обдори хеш дар саҳифаҳои таъриху фарҳанги мардуми форсизабон нақши носутурданӣ гузоштааст.

Апрель 4, 2019 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад