«МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР». Маросими гусели ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар шаҳри Ҳисор ин мисраи шоири шаҳири тоҷикро ба ёд меовард…
ДУШАНБЕ, 03.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор маросими тантанавии гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, роҳбарони сохторҳои қудратии шаҳр, фаъолон ва волидайни наваскарон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки фарзандони бонангу номуси шаҳр дар қисмҳои низомӣ хизмати Ватан -Модарро сарбаландона ба ҷо оварда, бо рафтори ҷавонмардона бори дигар муҳаббату садоқати худро ба Ватану сарзамин ва таъмини амнияту оромии кишвар собит месозанд.
Таъкид гардид, ки ҳифзи Ватан, музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳаёти орому осоиштаи мардум ва таъмини амнияти суботи кишвар вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Иҷрои ин амали пуршараф ба ҷавононе насиб мегардад, ки дар қалбашон меҳру муҳаббат нисбат ба волидайн, сарзамин ва далерию шуҷоат маскан гирифта бошад.
Раиси шаҳри Ҳисор афзуд, ки барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизи Ватан буданро меомӯзанд, зеро ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ вазифаи ҳар як ҷавонони бонангу номус ва ватандӯст аст.
Сипас чанде аз навдаъватшудагон ва волидайни онҳо сухан гуфта, таъмини амният ва ҳимояи марзу буми Ватанро вазифаи муқаддаси ҷавонон маънидод карданд. Фазои идона ва саршор аз муҳаббат нисбат ба марзу буми Ватан дар ин маросим мисраи ҷовидонии шоири шаҳри тоҷик Ҳабиб Юсуфиро ба ёд меовард: «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар…».








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






