«МЕҲР БАСТАМ БА ШАҲРИ ЛОЛАВУ ГУЛ…». Ё худ тасвири пойтахти Тоҷикистон дар маҷмӯаи ашъори «Паёми садоқат»-и шоир Кароматулло Олимзода
ДУШАНБЕ, 20.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Андешаҳои китобшинос, омӯзгори мактаби мусиқии №3-и шаҳри Душанбе Бону ШОКИРОВА дар бораи маҷмӯаи ашъори Кароматулло ОЛИМЗОДА, ки дар зер оварда мешаванд, ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Китоби «Паёми садоқат»- и олими варзида, сиёсатмадори дурандеш, ходими давлатию ҷамъиятӣ, шоири хеле хоксор Кароматулло Олимзодаро хонда баромадам, аз ҷилвагоҳи андешаҳои он кас ошноӣ пайдо намудам. Дер мондаам то бо эҷодиёти назмии ӯ шинос шавам ва аз ин ноогоҳиву бехабариам худро хеле сарзаниш ҳам кардам.
Ҳамин қадар гуфта метавонам, шеъри «Суруди садоқат», ки дар саҳифаи шашуми китоб оварда шудааст, гимни оилавии мо ба ҳисоб мерафт, шояд дар дигар оилаҳо ҳам бошад, аммо ҳаминро ҳам намедонистам, ки ин шеър ба қалами устод Кароматулло Олимзода тааллуқ доштааст.
Ман ин шеърро бо оҳангаш қариб, ки ҳама рӯз бо дутор менавохтам ва месароидам. Хонандагони мактаби санъати № 3 ба номи Наримон Каримов, МТМУ № 10 ба номи Алиҷон Давлатови шаҳри Хуҷанд, ки ман он ҷо кор мекардам, ҳамеша хоҳишманди шунидани ҳамин суруд буданд.
Роҳи ман то мактаби санъат каме дур. Кӯдакони мактаб зуд-зуд ба хона меомаданд ё сари роҳам маро интизорӣ мекашиданд. Саъй мекардам,ки барвақт биёям. Мо қад-қади роҳ, ки аз даруни боғи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев мегузашт, чун аскарони низомӣ қадамзанон ин сурудро хонда мерафтем. Суруд ва оҳанг ҳамчу ҷон дар тани мо буд.Танҳо ҳамин қадарашро медонистам, ки он оҳанги марғуби Саидқул Билолов аст.
Саидқул Билолов ва Тоҷикистон – Ватани азиз! Ман ин калимаҳоро ҳамеша тавъам мешуморам ва чунин ҳам гумон мекардам, ки матни суруд аз худи ҳофиз аст, ҳарчанд борҳо дар тахтаи синф менавиштам: Суруди «Садоқат» — шеъри Кароматулло Олимов, оҳанги Саидқул Билолов.
Бисёр хуш буд вақте ки китоби «Паёми садоқат»-и Кароматулло Олимзодаро хонда баромадам. Китоб ашъори гуногун — ғазалҳо, сурудҳо қасидаҳо, мухаммасҳо, маснавиҳо, марсияҳоро дарбар мегирад, ки маҳсули бардоштҳои шоир аз таҷрибаи рӯзгор мебошанд. «Паёми садоқат»- китоби арзишмандест барои хонандагон.
Аз китоб тамоми гурӯҳҳои хонандагон баҳраҳои зиёд бардошта метавонанд. Накҳати ҷонбахши ашъори шоир, ки эҳсоси ватандӯстӣ, ватандорӣ, паёми садоқат ба Ватанро дорад, ба хонанда бе таъсир намемонад:
Аё Тоҷикистони озоди ман,
Умеди дилу хотири шоди ман.
Чу фарзанди ту ҳозирам бар дифо,
Ба ҳифзи ту ҷонро намоям фидо.
Ватан, боиси ифтихорам туӣ,
Ватан ,мабдаи эътиборам туӣ.
Ватан, тору пуди вуҷудам ту
Ватан, қиблагоҳи суҷудам туӣ
(Аз шеъри «Садоқат». саҳ.6)
Ё худ:
Аз Ватан марғубтар ҷое намебошад дигар,
Дилнишин дар баҳру бар ҷое намебошад дигар.
Ғофилон ҷӯянд амни хеш дар ғурбатсаро…
Ғайри Меҳан бехатар ҷое намебошад дигар.
(Аз шеъри «Ватан тоҷи сар», саҳ.8.)
Ҳарчанд донишманди хирадманд устод Кароматулло Олимзода аз камоли хоксорӣ худро ҳамчун шоир муаррифӣ намекунанд, аммо ман бо хондани китоби “Паёми садоқат” ба шеърҳои гуҳарбор,рангин ва равони он кас шефта гаштам,зеро ашъори шоир касро ба андеша намудан водор месозад.
Гирди ғазалҳо, сурудҳо, қасидаҳо,мухаммасҳо,марсияҳо чӣ қадар сухан гӯем кам аст, аммо чи аҷаб аст, ки майли ман ба мавзӯи маснавии «Ду Душанбе» (саҳ.145-146) хеле зиёд шуд. Бо интихоби мавзӯи шаҳри Душанбе хостам дар бораи истифодаи вожаи «Душанбе» дар ашъори шоир андешаҳои кӯчаки хешро иброз дорам.
Нахуст хостам он мисраъ, байт ва шеърҳои дар васфи шаҳри Душанбе бахшидаи Кароматулло Олимзодаро аз китоби «Паёми садоқат» ҷустуҷӯ намоям.
Воқеан шаҳри Душанбе таърихи дерин дорад ва аз қадим яке аз мавзеъҳои тоҷикнишини Мовароуннаҳр буд. Соли 1924 ин шаҳр пойтахти Ҷумҳурии Мухтори шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1929 пойтахти ҷумҳурии мустақили тоҷикон таъйин гардидааст.
Душанбе шаҳрест, ки дар зебогӣ ҳамто надорад. Ҳама аз хурд то калон шайдои ин шаҳранду бо меҳру муҳаббат зиндагӣ мекунанд. Чун ба ҳар гӯшаи шаҳр по мениҳӣ, таманноҳои хуш ва хотироти дилангез вуҷуди касро фаро мегирад ва меҳру муҳаббат, садоқат, ҳаваси шоир ҳам аз боиси зебогии шаҳри Душанбест.
Дар шеъри «Фаввораи Душанбе» саҳ 11 бо чунин байтҳо вомехӯрем:
Бингар, чи гуна зебо фаввораи Душанбе,
Чун қулла рӯҳафзо фаввораи Душанбе .
Бо қатраҳои покаш созад басе навозиш,
Шӯх аст тифлосо фаввораи Душанбе.
Воқеан, фаввораҳои Душанбе тифлосо шӯху зебо ва рӯҳафзоянд, аммо ман ҳар гоҳе, ки онҳоро мебинам, худро дар мулки ғарибиву танҳоӣ эҳсос мекунам, зеро замоне, яъне овони 16-17 солагиам, ҳамин ки мактаби шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафарободро хатм намудам, падарам бо модарам барои идомаи таҳсил соли 1977 бо роҳи душворгузари ағбаи Анзоб ва Шаҳристон, ки он вақт аз туннел ва роҳҳои мумфарш осоре набуд, маро ба шаҳри Душанбе оварданд.
Пас аз хастагиҳои зиёд чун назди фаввораи бинои Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (ҳоло бинои Маҷлиси Олии мамлакат) омадем, ман аз дидани зебогии нишотбахши он қариб аз ҳуш мерафтам. Модари бечораам аз ғояти гармои тобистону кӯфти роҳ чунон хастаҳол шуда буд, ки чашмонашро беҳолона нимпӯш кардаву кушода, аз ҳавову накҳати фаввора гӯиё ҷон мегирифт.
Ман бо тааҷҷуб сӯи фаввора нигаристаму ба он бо даст ишоракунон аз падарам пурсидам: «Дада, ин чист?». Падарам сӯям нигаристанд ва гуфтанд:«Ин фонтан аст..».
Тааҷуби ман боз ҳам зиёд шуд, зеро «фонтан»-и ноҳияи Зафаробод намуди дигар дошт ва он ҳам ҳамеша дар дохили пахтазор буд. Номи онро падарам «гидран» ҳам мегуфтанд. Ман чӣ будани фаввораҳоро дар китобҳо хонда, аммо ҳақиқиашро боре ҳам надида будам. «Фонтан» бисёр чизи аҷибу зебо будааст, андешидам бо худ.
Дигар касе гап намезад. Дили падарам ба содагии ман месӯхт, дили ман бошад ба волидайн, зеро маҳз бо саркашиву истодагариам онон маҷбур шуда буданд, ки маро барои хондан ба шаҳри Душанбе биёранд. Хастаҳолии модарамро дида ҳазор афсӯсу надомати ботиниам ҳеҷ поён надошт.
Рӯзгорон гузаштанд. Фалак маро аз гулшани рӯи нурониву чашмони меҳрубони волидайн ҷудо кард. Акнун ҳар гоҳе, ки ман назди фаввораҳои шаҳри Душанбе меоям, дуру дароз ба онҳо менигарам. Фаввораи Душанбе, падарам, модарам ва ман! Эҳ, чӣ қадар лаҳзаҳои хушу гуворо буданд!
Ва шоир Кароматулло Олимзода дар шеъри “Фаввораи Душанбе” он лаҳзаҳои ҳаёти хушбахтонаи даврони гузаштаи маро аз сари нав ба ёд меоранд:
Ҳар лаҳза дил рабояд, ҳарранг менамояд,
Чун ранги орзуҳо фаввораи Душанбе.
Гаҳ меравад ба боло мастона, гаҳ фарояд,
Чун гесувони зебо фаввораи Душанбе.
Фаввораҳои Душанбе бо вожаву ибораҳои истифоданамудаи шоир «зебо», «рӯҳафзо», «шӯх», «пайвандсози дилҳо», «мастона», «ҳамранги орзуҳо», «гесувони зебо», «мушкилкушо» буданаш маро сӯйи худ мехонанд. Гоҳе наздашон меравам ва садои падару модарамро мешунавам:
«Духтарам, чӣ ҳол дорӣ? Ин фонтан аст…».
Зери фаввора ман дуру дароз ёди падару модар мекунам ва орзу мепарварам, ки ҳаргиз ин қатраҳои поку зулолаш, ки навозишгари рӯҳу қалби инсон аст, нахушканд. .
Номи шаҳри Душанбе дар шеърҳои Кароматулло Олимзода бисёр вомехӯрад. Агар гӯем, ки шоир бо муҳаббати беҳамтояш шаҳри Душанберо «азони худ» кардааст, хато нахоҳем кард, зеро бо ёдкарди номи Душанбе ҳусни зебои шаҳр, ки бо наврӯзи ҷамолаш ба ҳадди камол расидааст, бисёр самимона ба қалам кашида шудааст.
Ба забон овардани муҷассамаи сарду хомӯш аз хотираи хеле нозук, нуктадонӣ ва аз ҷон дӯсттар доштани таърихи куҳани диёр ва шаҳри азизи Душанбе далолат мекунад ва на ҳар сиёсатмадор, на ҳар ходими давлатию ҷамъиятӣ зебоипараст, нозукхаёл, шоир шуда метавонад. Нигаред ба ин байтҳо:
Қалам ба қадди камонгаштаам асои ман аст.
Нигоҳи сарди хомӯшонаам асои ман аст .
Агарчи маншаи мавлуди ман Бухоро буд.
Дар обу хоки Душанбе кунун бақои ман аст.
( Аз шеъри “Муҷассамаи устод Айнӣ”,саҳ.47)
Муҷассамаи устод Айнӣ дар шеър хотираҳои гузаштаро бори дигар пеши назар меорад, хонандаро ҳушдор медиҳад , ки ҳар гоҳ аз ин ҷо мегузарад ҳатман лаҳзае бозистад, тааммул ва назар намояд ва бидонад,ки тамаддуни ҳазорсолаи миллати тоҷик дар китоби устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” тасвир пазирфтааст ва акнун бақои ӯ дар обу хоки Душанбест.
Бо хондани шеър эҳсос мешавад, ки устод Садриддин Айнӣ ифтихор аз шаҳри азизи Душанбе дорад ва шоири борикбин Кароматулло Олимзода тавонистааст эҳсоси худро ба воситаи санъати бадеии ташхис — ба забони ҳол овардани муҷассамаи сарду хомӯш — ба торҳои эҳсоси хонанда хонун бизанад ва муҳаббати самимонаи шаҳри Бухоро, китоб, тамаддуни ҳазорсола, Ватан, Инқилоби Бухоро, неъмати озодӣ, поси Истиқлол, бақои Ваҳдати миллатро андаруни қалби хонанда ворид намояд.
Номи шаҳри Душанбе дар шеъри “Бразил- Саразм” чунин омадааст:
Омадам аз Душанбеи зебо,
Шаҳри сулҳу ҷавонию иқбол.
Пойтахти азизи давлати ман,
Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Бо хондани ибораи “Душанбеи зебо” кас орзу мекунад, ки як бор рӯи ин “шаҳри сулҳу ҷавонию иқбол”-ро бубинад ва дилро таскин бидиҳад.
Ҳарчанд:
Бразил-пойтахту шаҳри модерн.
Ки ба зебоӣ камназир бувад.
Ин ҷавоншаҳри чун арӯси баҳор,
Рашки дунёи золи пир бувад.
Меҳр бастам ба шаҳри лолаву гул.
Бразили ба мисли афсона.
Ҳар гулу ҳар дарахту роҳу бино,
Ҳайратовар бувад ба бегона …
— фармудааст шоир, аммо боз аз пойтахти азизи давлати хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол менозад, мефахрад,меболад ва ҳатман мегӯяд, ки аз “шаҳри сулҳу ҷавонию иқбол”, “Душанбеи зебо” омадааст. Шеъри мазкур ба муносибати якдилона ба феҳристи ҷаҳонӣ ворид гардидани Саразм иншо шудааст, ки шоир шоҳиди воқеии ин ҳодиса гашта, дар амалӣ намудани ин лоиҳа низ хидмати арзандаи ватанпарастонаро анҷом додааст.
Душанбе- хуштарин вожа, хуштарин ном дар шеъри Кароматулло Олимзода аст, зеро ӯ ин шаҳрро чун ҷони худ дӯст медорад, аз ҳадди ҳусни расои шаҳри Душанбе ифтихор дорад.
Хулоса, истифодаи вожаи «шаҳри Душанбе» дар ашъори Кароматулло Олимзода поён надорад, зеро ӯ шоҳкорие офариданист бо номи «Душанбе». Пайгири эҷодиёти назмии ӯ хоҳем шуд.
Бону ШОКИРОВА,
китобшинос, омӯзгори асбоби дутор,
шуъбаи созҳои миллии Мактаби
мусиқии № 3-и шаҳри Душанбе