Ҳокими аморати Шарҷа дар Фестивали мероси фарҳангии Шориқа ба гӯшаи Тоҷикистон баҳои баланд дод

Апрель 4, 2019 11:02

ДУШАНБЕ, 04.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб Фестивали 17-уми мероси фарҳангии Шориқа (Sharjah Heritage Days) бо тантана ифтитоҳ ёфт. Дар он беш аз 2 ҳазор нафар намояндагони 60 давлати дунё  ҷамъ омадаанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Фестивали мазкур аз Тоҷикистон ҳайати санъаткорону ҳунармандон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода иштирок  доранд.

Бояд зикр кард, ки дар гӯшаи ҳунармандии Тоҷикистон осори ҳунари кордсозӣ, заргариву сангтарошӣ, сӯзанидӯзӣ, наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, инчунин намунаи либосҳои миллии атлас, адрас, чакан ва тамсилаҳои мӯди замонавии либосҳо ба намоиш гузошта шуда, тамошобинонро мафтун намуд.

Ҳокими аморати Шарҷа доктор Султон бин Муҳаммад ал-Қосимӣ баъди ифтитоҳи расмии Фестивал аз гӯшаи Тоҷикистон дидан намуда, ба ҳунари волои халқи тоҷик ва мероси ғании фарҳангии мо баҳои баланд дод.

Бояд гуфт, ки дар фестивали мазкур рақсу мусиқӣ ва сурудҳои миллии тоҷикиро ҳунарпешагони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, Ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» ва Оркестри эстрадии «Гулшан» муаррифӣ мекунанд.

Фестивал то 21 апрел идома мекунад.

Апрель 4, 2019 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд