Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

Апрель 5, 2019 12:02

ДУШАНБЕ, 05.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонун, ки онҳоро Маҷлиси намояндагон қабул карда, Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ”, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, кодексҳои гумрук ва андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида нишони шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси фонди рушди пойтахтро пешбинӣ намудааст. Инчунин мувофиқи ин иловаҳо мукофоту ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе муқаррар гардидаанд, ки бо онҳо сокинони шаҳр ва дигар шаҳрвандоне, ки дар рушди пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, сарфароз гардонида мешаванд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ворид гардидаанд, дар давраи татбиқи мораторий- солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ боздошта мешаванд.

Бино ба тағйиру иловаҳои ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз андози арзиши иловашуда ва пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Қонунҳои ба имзорасида ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 таҳия ва қабул гардида, ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва беҳдошти соҳаи сайёҳӣ, бахусус рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешрафту инкишофи дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Апрель 5, 2019 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд