Президенти Интерпол: «Таҳдиду хатарҳои муосир кормандони политсияро водор менамоянд, ки ҳамеша аз ҷаҳони ҷиноятӣ як қадам пеш бошанд»
ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 апрели соли равон дар шаҳри Лиони Ҷумҳурии Франсия конфронси навбатии ҳарсолаи сарони Бюрои Марказии Миллии Интерпол таҳти шиори «Бехатарии ҳақиқии глобалӣ дар он сурате муяссар мегардад, ки кормандони политсия дар тамоми дунё даст ба дасти ҳам кор кунанд», бо иштироки 315 нафар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 150 давлат баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин конфронс директори Бюрои Марказии Миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Азиззода муаррифӣ намуд.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс бо сухани табрикотӣ Президенти Интерпол Ким Чон Ян баромад намуда, зикр кард, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир тамоми кормандони политсияро водор менамоянд, ки дар якҷоягӣ фаъолият намуда, ҳамеша аз ҷаҳони ҷиноятӣ як қадам пеш бошанд.
Ким Чон Ян нақши ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо дигар сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар конфронс як зумра масъалаҳое, ки ба муосиркунонии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади вокуниши самаранок ба таҳдиду хатарҳои ҷинояткории байналмилалӣ дахл доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар ҷараёни конфронс вохӯрии директори Бюрои Марказии Миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Азиззода бо Котиби Генералии «Интерпол» Юрген Шток доир гардида, масъалаҳои мубрам, аз қабили кофтукови байналмилалии шахсоне, ки ба содир намудани ҷиноят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар робита ба ин оид ба густариш додани ҳамкории минбаъда дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили байналмилалӣ, терроризм, экстремизм, киберҷиноятҳо, тақвият бахшидани мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи корӣ як зумра таклифҳои судманд пешниҳод гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






