Санҷишгарони қарзии «Амонатбонк» соҳиби сертификат гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2019/АМИТ «Ховар»/. 15 нафар кормандон-санҷишгарони қарзӣ аз филиалҳои «Амонатбонк»-и шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баъди гузаштани курси омӯзишии малакаҳои тренерӣ соҳиби сертификат шуданд.
Зимни супоридани сертификат ба шунавандагони курси омӯзишӣ раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ зикр кард, ки дорандагони Сертификати санҷишгарони (экспертҳои) қарзӣ вазифадоранд барои иҷрои саривақтии вазифа ва уҳдадориҳои қарзгир, ки дар шартнома дарҷ мешаванд, масъулиятшинос буда, манфиати миллиро аз манфиати шахсӣ боло донанд ва фаъолияти созандаи худро баҳри пешрафти кор дар соҳа равона намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки давраи сеюми курси омӯзиши малакаҳои тренерӣ тибқи Барномаи таҳия намудаи Департаменти қарздиҳии БДА «Амонатбонк» дар ҳамкорӣ бо Маркази таълим ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандон ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз миёни кормандони филиалҳои «Амонатбонк» гузаронида шуд. Интизор меравад, ки чунин курсҳои омӯзишӣ дар оянда дар дигар филиалҳои минтақавии «Амонатбонк» гузаронида хоҳанд шуд.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






