Шоми имрӯз дар шаҳри Душанбе шашумин Фестивали байналмилалии Этно-Ҷаз баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар толори консертии «Кохи Суруш» бо иштироки гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Тоҷикистон, Германия, Шветсария, Қазоқистон шашумин Фестивали байналмилалии Этно-Ҷаз баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фестивали мазкур меҳмонон давоми се рӯз имкон пайдо мекунанд, ки аз фарҳанги мусиқии кишварҳои Осиё, Аврупо ва Осиёи Марказӣ ошноӣ пайдо намоянд.
Давоми се рӯз Тоҷикистонро устодони ҷази тоҷик, аз ҷумла, гурӯҳҳои «Авесто», «Навои Аҷам», «Khalil brothers», «Роҳи Абрешим» бо роҳбарии Самандар Пулодов ва Иқбол Завқибеков намояндагӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар доираи фестивали мазкур баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Роҳи рушди этно-ҷаз дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон» дар назар дошта шудааст.
Дар фестивали мазкур инчунин гурӯҳҳои мусиқии машҳури ҷаз аз Австрия, Нидерланд, Фаронса, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳунару малакаи худро ба мухлисон нишон медиҳанд.
Мақсади фестивал тарғибу ташвиқи ин жанри мусиқии касбӣ буда, бо ташаббуси Дафтари ҳамкории Шветсария, Маркази фарҳангии «Бохтар» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов гузаронида мешавад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






