Талафоти вазнини «Ансоруллоҳ»-и наҳзатӣ
ДУШАНБЕ, 26.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки зимни як амалиёти муваффақонаи мақомотҳои низомии ин кишвар дар қарияи (деҳаи) пули Сучи дараи Хустаки вулусволии (ноҳияи) Ҷурми вилояти Бадахшон 3 нафар ҷангиёни ашаддии созмони террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» (қаноти ҷангии ҲНИ) кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҷангиёни кушташуда бо тахаллуси Абуталҳа (30 сола, миллаташ тоҷик, зодаи н.Нуробод), Додуллоҳ (41 сола, миллаташ тоҷик, зодаи ш.Исфара), Усмон ва ё Мавлавӣ Ҳамза (Ядгаров Ҳикматулло Ғайбуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ш.Истаравшан) мебошанд, ки солҳои зиёд дар пойгоҳҳои террористӣ машқу тамрини низомӣ дида, барои ҳамла ва интиқоли ҷангу хунрезӣ ба хоки Тоҷикистони азиз мунтазири амри саркардагони хоину беватани хеш аз Аврупо буданд, аммо:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, сари хеш чу гирдоб хӯрад…
Ҷасади бесоҳибу хору зори ин ҳамватанони “муҷоҳид”-и моро дар мазори ғарибони деҳаи Хули дараи Хустаки вулусволии Ҷурм мардуми маҳаллӣ гуронданд.
Захмишудагон Абуаҳмад (35 сола, зода ва сокини шаҳри Душанбе, оиладор), Қаҳҳор (40 сола) Абуҳурайра ва Қорӣ Фатҳуллоҳ (соли таваллудаш 2000 писари Насриддинов Рустамхӯҷа Насиллохоҷаевич, роҳбари ҷангиёни тоҷики дараи мазкур), бо “куфу суф” ва “тумору таштоб “-и Толибон дар хонаи доктор Фируз табобат мегиранд.
Қобили зикр аст, ки дараи Хустак чанд сол аст, ба макони будубоши аъзоёни “Ҷамоати Ансоруллоҳ” табдил ёфтааст. Ба қавли сокинони маҳал аксари ин “меҳмонони нохонда”, махсусан занону фарзандони онҳо ҳоли табоҳ дошта, орзуи бозгашт ба Ватанро доранд, вале саркардагони асолатбохта ва хуношоми онҳо ба таҳдиди марг ва фишору зӯрӣ иҷозат намедиҳанд, ки ба назди хешу ақрабо ва оғуши зодгоҳи азизи хеш баргарданд.
Амири беватан зору ҳақир аст,
Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст!
“Ҷамоати Ансоруллоҳ” соли 2006 аз ҷониби се нафар бунёдгузорони Ҳизби наҳзати исломӣ: Раҳимов Абдулло (“мулло Абдулло”, соли 2011 дар Рашт кушта шуд) Табаров Амриддин (соли 2015 дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар вилояти Кунари Афғонистон ҳалок гардид) ва Аҳроров Қамариддин (дастгир ва ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум ва айни замон адои ҷазо мекунад) таъсис дода шудааст. Ин созмон қанот ё бахши низомии Ҳизби мамнуи наҳзат буда, аз ҷониби он, инчунин аз тарафи созмонҳои байналмилалии террористии “Ал-қоида”, Ҳаракати исломии Узбакистон, шабакаи Ҳаққонӣ маблағгузорӣ мегардад.















Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






