Таъмини бехатарии радиатсионӣ дар Шӯрои байниидоравӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ аз соли 2005 инҷониб фаъолият намуда, бо мақсади ба таври машваратӣ баррасӣ намудани масъалаҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ваколатдор, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ташкил шудааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ масъалаҳои вазъ ва ҳолати кунунии таъмини бехатарии радиатсионӣ, фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ин самт ва нақшаи минбаъдаи чорабиниҳо мавриди муҳокимаи ҳаматарафаи аъзои Шўро қарор дода шуд.
Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳисоботи худ зикр намуд, ки корҳо дар самти таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2008-2019 идома доранд. Дар ин самт масъалаҳои Созишномаи ҳошиявии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба солимгардонии партовгоҳҳои коркарди уран, лоиҳаи нақшаи Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ барои соли 2019 ва дигар масъалаҳои соҳавӣ низ мавриди муҳокимаи доимӣ қарор доранд.
Баъд аз натиҷагирии вазъи кунунӣ муовини Сарвазири мамлакат оид ба амалишавии масъалаҳои ба нақшагирифташуда, андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри иҷрои мақсадҳои Шўро ва вусъат бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи Шӯрои байниидоравӣ ҷиҳати таъмин намудани бехатарии радиатсионӣ дар қаламрави кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода, вобаста ба ҳар як мушкилот қарорҳои дахлдори протоколӣ қабул намуд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






