Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Франсия манфиатдор аст

Апрель 18, 2019 16:50

ДУШАНБЕ, 18.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии  Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо,  хусусан Франсия беш аз пеш густариш меёбад. Баргузории вохӯрии дуҷонибаи  роҳбарияти вазорату идораҳо ва  доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Франсия, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, далели ин гуфтаҳост.

Раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаррух Ҳамрализода дар вохӯрӣ доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Франсияро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки  ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Франсия  беш аз пеш густариш ёфта, барои  тақвияти гардиши савдои ду кишвар мусоидат менамоянд. Зикр шуд, ки  дар давраи солҳои 2017-2018 аз ҷониби сармоягузрони Франсия ба иқтисодиёти Тоҷикистон  беш аз 86 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ  ворид гардидааст, ки  аз он зиёда аз 67 миллион долларро  сармоягузориҳои мустақим ташкил медиҳанд.

Бо дахли вазъи фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар  Фаррух Ҳамрализода афзуд, ки дар Тоҷикистон  барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ  имкониятҳои мусоид  фароҳам оварда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 узви Созмони Ҷаҳонии Савдо /СҶС/  гардида, дар зарфи се соли охир ба зиёда аз сад санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар тағйиру иловаҳо ворид гардид,. Ин қадами муассирест дар самти иҷрои уҳдадориҳои он дар назди  СҶС. Ҳамзамон таъкид гардид, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисодиёти мамлакат  тарҳу барномаҳои гуногуни давлатиро  таҳия ва татбиқ менамояд, ки  он ба рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ,  баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагии  мардум нигаронида шудаанд.

Зикр шуд, ки  Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030  яке аз ин санадҳои муҳими миллист, ки ҳадафаш рушди устувор дар мамлакат мебошад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ   ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Франсия манфиатдор буда, хостори таҳкими ҳамкорӣ  дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, назири энергетика, кишоварзӣ, саноат, сохтмон, коммуникатсия,  сайёҳӣ, фарҳанг  ва ғайра мебошад.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеияти ҷуғрофӣ ва табиати нотакрораш  яке аз давлатҳои дорои захираҳои бои гидроэнегетикӣ, сарватҳои зеризаминӣ, имконоту захираҳои сайёҳӣ ва фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.  Дар мамлакат чор минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки минтақаҳои озоди иқтисодии  «Суғд» ва «Данғара» фаъолияти густурда дошта, дар рушди иқтисоди мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ  котиби давлатии   вазорати корҳои хориҷии  Франсия  вобаста ба савдои хориҷӣ, туризм,  ва франкофония Жан Батист Лемуан ва бархе намояндагони намояндагони вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Франсия бобати ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Инчунин зимни вохӯрии  дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Франсия  -B2B масъалаҳои таҳкими равобити  иқтисодию тиҷоратӣ  миёни ду кишвар матраҳ гардиданд. Доираҳои соҳибкорию сармоягузорони ҳар ду давлат ба густариши муносибатҳои   дуҷониба, ки фарогири  тамоми соҳаҳои  ҳамкории иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.  Тарафҳо ба ифоқа расиданд, ки  чунин вохӯрию ҳамоишҳоро бо иштироки доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Франсия мунтазам баргузор намоянд. Инчунин дар вохурӣ таъкид шуд, ки барои  таҳкими   ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ  силсилаи   иқдомҳои ҳадафмандро дар бахшҳои ояндадор, назири  гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ,  содироти хушкмева, сабзавоти тоза, бунёди инфрасохтор барои рушди туризм, истифодаи босамари  имкониятҳои МОИ, баҳрабардорӣ аз захираҳои  сангҳои қиматбаҳо, металҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ  ва дигар неъматҳои моддӣ амалӣ намоянд.

Баъди вохӯрӣ роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбута ва доираҳои соҳибкорию сармоягузорони Франсия  аз корхонаи «Ноқили Талко»-и пойтахт боздид намуда, бо фаъолияти он шинос гардиданд.

                                                Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2019 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ гардид
Таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
Тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ байни Тоҷикистон ва вилояти Малатияи Туркия баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика низоми бераводид эътибор пайдо намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири маорифи Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Дар Тянҷин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб мулоқот намуд
Дар Давҳа машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд