«Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Турсунзода ба 16 нафар шахсони зарардида 21 ҳазор сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ додааст
ТУРСУНЗОДА, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Турсунзода соли 2019 ба 16 нафар шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки молу амволашон дар натиҷаҳои ҳолатҳои фавқулода зарар дидааст ва ба шаҳрвандоне, ки ба саломатиашон осеб расидааст, ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ додааст. Дар ин бора директори КВД «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Турсунзода Музаффар Мирзоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ин давра корхонаи мазкур бо 3279 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки 2214 адади он шартномаи намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, солҳои охир дар натиҷаи гузаронидани корҳои таблиғотӣ сафи нафароне, ки ихтиёрӣ шартномаи суғурта мебанданд, зиёд гардида истодааст ва он ба манфиати шаҳрвандон мебошад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






