«Уфуқҳои истиқлол» — дастури пурарзиш дар роҳи худшиносию худогоҳӣ ва донистани решаҳои гузаштаи таърихи миллат
ДУШАНБЕ, 10.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 9 апрел дар шаҳри Ваҳдат перомуни китоби «Уфуқҳои истиқлол» — асари тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи хонандагон баргузор гардид.
Дар он муовини Раиси Шӯрои марказӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, узви Шӯрои куҳансолони ҳаракат, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев сухан гуфтанд.
Мирзошоҳрух Асрорӣ ба ҳозирин– донишҷӯёни коллеҷҳои омору тиб ва хонандагони синфҳои болоии муассисоти таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз фаъолияти муҳаққиқӣ ва нигорандагии Сарвари давлат ҳарф зада, аз китобҳои «Аз Ориён то Сомониён», «Дин ва ҷомеа», «Истиқлолият ва эҳёи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат ёдовар шуд.
Мавсуф зикр намуд, ки ҳар яке аз ин асарҳо ба хонандагон маълумоти фаровони илмию таърихӣ дода, дастурҳои пурқимате дар роҳи худшиносию худогоҳӣ, огаҳӣ аз решаҳои гузаштаи миллат мебошанд. Асари навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистонро мавриди таҳқиқи бадеию публитсистӣ қарор дода, паҳлуҳои мухталифи сиёсати давлати моро вобаста ба мафҳумҳои дин, дунявият, ваҳдати миллӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноатикунонии мамлакат ва амсоли инҳо баррасӣ мекунад. Он асари муфиду хонданиест барои кулли ҳаводорони китобу адабиёт.
Нависанда Кароматулло Мирзоев бо ишора ба таълифоти зиёди Пешвои миллат доир ба таъриху имрӯзи халқамон он касро олими тавонои ҷомеашинос унвон кард.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода ва муовини раиси шаҳр Фарзона Хоҷазода низ фикрҳояшонро роҷеъ ба китоби «Уфуқҳои истиқлол»-и Пешвои миллат баён дошта, кулли сокинону ҷавонони шаҳри Ваҳдатро ба мутолиаи ин китоби пурманфиат даъват карданд.








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






