Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия мулоқот намуданд

Апрель 23, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ  22 апрели соли 2019 бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлут Чавушоғлу дидору гуфтугӯ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни гуфтушунидҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба  ва дурнамои густариши он ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаи ҳуқуқии муносибатҳо  табодули афкор намуданд.

Дар баробари ин ду ҷониб иқдомоти муштараки минбаъдаи худро дар робита ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ  Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи бойгонӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркияро имзо намуданд.

Аз натиҷаи гуфтушунидҳо вазирони корҳои хориҷии ду кишвар барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуда, ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.

Апрель 23, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд