«ЗИМНИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ФАРЗАНДОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД». Чунин муроҷиат намуд сардори Раёсати ВКД Сафиало Азизуллозода ба волидон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Рашт
ДУШАНБЕ, 11.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар деҳаи Коҷони Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт Сафиало Азизуллозода бо мардум оид ба сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, таҳсилоти ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар, оқибатҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби сардори Раёсати мазкур С.Азизулозода ба сокинон сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии он тариқи слайд ва пахши видео-роликҳо фаҳмонида шуд.
Ҳамчунин зимни суҳбати озоду самимӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Навдӣ таъкид гардид, ки зимни муҳоҷирати меҳнатӣ фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва пайваста бо онҳо дар тамос бошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ бо мардум ва имомхатибони масҷидҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Ҳамчунин дар мулоқот бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷавонони гурӯҳи «Авангард» барои болидарӯҳии сокинони ин ҷамоат барномаи рангини консертӣ манзур намуданд.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






