ЗОДАГОНИ ШӮҲРАТЁРИ ДУШАНБЕ. Ёдкарди чанде аз онҳо дар Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар нигориши шореҳи адабии АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 20.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи пойтахт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, ки он имсол ба 20 апрел рост омадааст. Дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.
Ҳамзамон дар Рӯзи пойтахт маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандони асилу чирадаст ва устоҳои моҳир дар иртибот ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази намоиш гузошта мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саъю талош ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи Осиёи Миёна табдил меёбад. Аз ҷумла, тибқи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ то соли 2021 Душанбе ба яке аз пуриқтидортарин шаҳрҳои саноатии Осиёи Марказӣ ва минтақа табдил меёбад.
Бояд гуфт, ки Душанбе на танҳо шаҳри зебо, балки макони таваллуди бузургмардони ҷаҳон низ маҳсуб мешавад.
Дар ақсои олам ашхосе зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ки дар ҷодаи гуногуни илму адабу ҳунар муваффақ ва номвар гардидаанд. Вале шояд кам касон донанд, ки хуни нофи эшон дар сарзамини тоҷикон- шаҳри дилорои Душанбе рехтааст. Дар Тоҷикистон ҳам на ҳама аз ин огоҳанд, вагарна бо номи ин ҳамдиёрони шуҳратёри худ барҳақ ифтихор менамуданд. Биёед бо шарҳи ҳоли ин зодагони шаҳри Душанбе мухтасаран ҳам ки бошад, шинос гардем.
Нависанда, шоир ва драманависи маъруф Владимир Николаевич Войнович, ки тобистони соли гузашта дар синни 85 вафот намуд, соли 1932 дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) таваллуд шудааст. Падараш рӯзноманигор будаасту аввал ба ҳайси котиби масъули рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» (ҳозира «Народная газета») ва баъдан муҳаррири рӯзномаи «Рабочий Ходжента » (ҳозира «Согдийская правда») кор кардааст. Модараш низ корманди ин рӯзномаҳо будааст. Асари машҳуртарини В.Войнович романи «Ҳаёт ва саргузаштҳои ғароиби аскар Иван Чонкин» мебошад. Суруди «Аминам, эй дӯстон» бар шеъри ӯ «Чордаҳ дақиқа то парвоз» таронаи маҳбуби кайҳоннавардон, ҳатто гимни онҳо будааст.
Боз як факти ҷолиб аз рӯзгори В.Войнович.
Маҳз ӯ нусхаи ягона дастхати боқимондаи романи як замоне аз ҷониби ҳукуматдорон маҳкум, мусодира ва мамнуьи Василий Гроссман «Зиндагӣ ва қисмат» -ро, ки дӯсти қаринаш Семён Липкин дар таҳхонаи сарбӯстонаш даҳсолаҳо маҳфуз доштааст, пинҳонӣ ба Швейтсария бурда, ба табъ расонид ва он умри дубора ва шуҳрати барҳақ пайдо кард.
Дигар душанбегии номвар — Темур Зулфиқоров ба муаррифии батафсил ниёз надорад. Эҷодиёти ӯ аз лиҳози забон ва шакли бадеӣ дар адабиёти рус падидаи нодир аст. Беҳуда ӯро «Дантеи адабиёти рус» намегӯянд.
Ёдовар шудан ҷоиз аст, ки Т.Зулфиқоров чанд сол пеш ба мукофоти Нобел пешниҳод шуда буд. Падараш Қосим Зулфиқоров аз шаҳри Бухоро ба Душанбе омадааст ва соли 1937 гирифтори муҷозот ва баъди қатл бегуноҳияш собит шудааст. Ӯ дар пойтахти ҷумҳурии навбунёди тоҷикон ба Людмила Владимировна Успенская, хатмкунандаи факултаи шарқшиносии донишгоҳи Санкт-Петербург, ки бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезад, издивоҷ намудааст. Ӯ омӯзгори забардаст, муаллифи китобҳои дарсӣ, яке аз мураттибони луғати русӣ-тоҷикӣ мебошад. Ман боре суханронии олиҷаноби профессор Л.Успенскаяро, ки месазад ба номаш кӯча ё мактаберо гузошт, дар Иттифоқи нависандагон шунида, ба ваҷд омада будам. Апаи Темур Зулфиқоров Зумрад ном дошта, дар шаҳри соҳили Нева умр ба сар мебарад. Алҳол аз рӯи сенарияи нависанда дар «Тоҷикфилм» мазҳакае бо номи «Намоиши домодҳо» ба навор гирифта шуда истодааст.
Дар миёни ашхосе, ки зодгоҳашон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, Маргарита, аниқтараш Марворид Қосимова мақоми хоса дорад. Зеро ӯро барҳақ аз ҷумлаи нахустин коргардони зан дар Осиёи Марказӣ меҳисобанд. Падараш балҷувонӣ, модараш зани рус аст, ки аз Ленинград ба Сталинобод омадааст. Маргарита баъд аз хатми Донишкадаи умумииттифоқии киномотография дар чанд филм нақш бозидааст. Баъд худ таҳиягар шудааст. Филмҳои “Ҷӯра-саркор”, “Тобистони соли 1943”, “Хати парвоз”, “Марди мутааллиқи ду зан” ва ғайра маҳсули фаъолияти коргардонии ваянд. Алъон Маргарита Қосимоваи 81-сола муқими шаҳри Минск аст ва ба ҳайси профессори Академияи давлатии ҳунари Белорусия кор мекунад.
Душанбегиҳо ҳақ доранд бо номи наворбардор, коргардон ва сенариянавис Оқил Ҳомидов низ барҳақ ифтихор кунанд. Ӯ 6-уми октябри соли 1961 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёиён тавлид ёфтааст. Падараш Обид Ҳомидов ва ходими намоёни фарҳанг, собиқадори ҶБВ ва модараш муаллимаи Донишгоҳи омӯзгорӣ, профессор Фатҳия Икромовна мебошанд. Оқил чун бародаронаш Омил ва Толибҷон Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографияро хатм намуда, дар студияи “Тоҷикфилм” дар наворбардории чандин филм саҳм гирифтааст. Инак 20 сол аст, ки дар шаҳри Вротслави Полша зиндагӣ мекунад ва алъон ба студияи хусусии телевизионӣ роҳбарӣ мекунад. Бо филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ машҳур гардидааст. Ҳамсараш духтари драматург Шамсӣ Қиёмов мебошад.
Боз як душанбегие, ки на фақат Россия, балки ҷаҳонро тасхир карда буд, коргардони кино Бахтиёр Худойназаров мебошад. Филмҳои ӯ «Падари моҳтобӣ», «Братан», «Қош ба қош» дар кинофестивалҳои байналмилалӣ дар шаҳри Канн сазовори ҷоизаҳо гардида буданд. Афсӯс, ки умр вафо накарду Бахтиёри ҷӯяндаву навовар дар 49-солагӣ олами фониро дар Германия падруд гуфт.
Дар Германия боз як душанбегии шуҳратёр, оҳангсоз Фирӯз Баҳор зиндагӣ ва эҷод мекунад. Ӯ фарзанди сарояндагони опера Мулук Баҳор ва Ҳоҷӣ Аҳмадов мебошад.
Достонҳои симфонии «Мароканд» ва «Меъмори Истиқлол» ба оҳангсоз шуҳрати калон оварданд. Мавсуф чанд сол муқаддам бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шуд.
Толибхон Шаҳидӣ, писари поягузори мусиқии классикии муосири тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ва шогирди Арам Хачатурянро дар Россия ва дигар мамолики ҷаҳон низ чун парчамбардори фарҳанги мусиқии тоҷик мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.
Насли калони мухлисони футбол Владимир Ғуломҳайдаровро нағз дар ёд доранд. Ӯ соли 1946 дар шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ба дунё омадааст. Падараш Алишер Ғуломҳайдаров афсари ВКД ва модараш Зинаида Филлиповна ҳамшираи тиббӣ буданд. Дар миёнаи солҳои 60-уми асри гузашта Владимир ҳуҷумкунандаи дастаи «Энергетик» дар шаҳри Душанбе ва баъдан «Торпедо» дар шаҳри Москва буд. Дар бисёр мусобиқаҳо, аз ҷумла бозиҳои байналмилалӣ ширкат намудааст. Баъдан чун мураббии футболбозони ҷавон фаъолият кардааст. Ҳоло ӯ дар шаҳри Алмаато зиндагӣ мекунад.
Ҳунарпешаи халқии СССР Людмила Чурсина, ки дар даҳҳо филмҳои бадеӣ нақшҳои хотирмон офаридааст, низ зодаи шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) мебошад. Падараш одами ҳарбӣ будааст. Бо гузашти солҳо Людмила келини яке аз роҳбарони давлати шӯравӣ — Юрий Владимирович Андропов мешавад. Алҳол давлати пирӣ меронад.
Як қатор ҳунарпешагони дигари шинохта-Татяна Никитина, Александр Коган, Олег Масленников-Войтов ҳам дар Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд.
Дар бораи яке аз чунин шахсони машҳур, роҳбари бадеии Театри ба номи В.Комиссаржевскийи шаҳри Санкт-Петербург, коргардону ҳунарпешаи театр ва кино, барандаи бисёр ҷоизаҳо Александр Лвович Баргман мехоҳам батафсил сухан гӯям. Ӯ 20 июни соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, дар мактаби миёнаи рақами 20-ум таҳсил намудааст.
Модараш Элза Сауловна Козлова рӯзноманигори шинохта, собиқ корманди рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» мебошад. Мо бо ӯ дар рӯзномаи мазкур кор карда будем ва то ҳол тавассути интернет мукотибаи дӯстона дорем. Бобои Саша – Саул Абрамзон мусташриқи маъруф, доктори фанҳои таърих будааст. Ман хостам бо Саша баъди он, ки худи Президенти Россия В.Путин ба ӯ мукофти олӣ супурд, мусоҳиба анҷом диҳам ва ҳатто саволҳоро барояш ирсол намудам. Аммо ӯ аз хоксорӣ ё серкорӣ ба онҳо ҳанӯз посух нагуфтааст. Хайр, боке не, дер ояду шер ояд. Вале бо як мусоҳибаи Саша бо мухбири агентии иттилоотии «Спутник» дар яке аз сомонаҳо шинос шудам. Ӯ аз ҷумла гуфтааст: «Ман дар шаҳри зебо, хуршедӣ ва басо дӯстдоштаам Душанбе ба дунё омадаам… Хонаи мо дар ҳозира кӯчаи Бухоро буд… Ҳамаи ҳамсояҳо якдигарро хуб мешинохтанд ва дӯстона мезистанд… Забони тоҷикӣ басо зебо ва гӯшнавоз аст… Нияти ба Душанбе омадан дорам».
Аминам, ки Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе ба олам боз бисёр бузургон ва алломаҳоро ато мекунад.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»
ДАР АКСИ БОЛО: продюсери машҳур Табрез Шаҳидӣ (писари Толибхон Шаҳидӣ) бо дӯсташ, барандаи машҳури шабакаи телевизионии «Россия» Владимир Соловёв, ки бо таъриху фарҳанги тоҷикон хуб шинос аст, пайваста ва бо ҳавсала дар бораи Душанбе ва зодагони шӯҳратёри он мавод ҷамъоварӣ мекунад ва аз тариқи барномаҳои телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ паҳн менамояд…