ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Балҷувон корҳои сохтмонӣ дар 375 иншооти таъйиноти гуногун бо маром идома доранд
БАЛҶУВОН, 04.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.
Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.
Дар ноҳияи Балҷувон низ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 375 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Дар маркази ноҳия бунёди гулгашти замонавӣ бо шинонидани дарахтони ороишию сояфкан, гулу буттаҳо, роҳраву таҷҳизоти равшанидиҳанда дар арафаи анҷом қарор дорад.
Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ барои 30 ҷои корӣ, бинои осорхона ва боз чанд иншооти дигар идома дорад.
Бино ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бунёди биноҳо вобаста ба талаботи аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар маркази ноҳия талабот ба боғчаи бачагона зиёд буда, бо фармоиш ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бинои дуошёнаи боғча сохта шуда истодааст. Боғча барои ба тарбия фаро гирифтани беш аз 50 нафар кӯдакон пешбинӣ гардидааст.
Ҳоло дар бинои бойгонии ноҳия низ корҳои заминӣ ва таҳкурсии он ба анҷом расонида шуда, сохтмони ошёнаи якум оғоз мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи иншооти сохташаванда зери назорат буда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи истифодашаванда диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Мувофиқи нақша, як қисми иншоот то моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






