Аз 17 то 19 май дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борон меборад
ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 17- 19 майи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, борон меборад. Дар ин бора сардори Шуъбаи пешгӯиҳои боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фариддун Ахмедов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, боридани борон пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва вилояти Хатлон боронҳои шиддатнок меборанд. Раъду барқ ба амал омада, эҳтимолияти боридани жола ва омадани сел дар назар аст.
Инчунин бар асари боришоти зиёд дар дарёҳои аз қаторкӯҳи Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Дар ин шабу рӯз ҳарорат каме паст шуда, дар водиҳо ҳаво шабона 15 — 20 ва рӯзона 22- 27 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Ба зикри Фариддун Ахмедов, 18- 19 май низ ҳаво номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо ҳарорат каме баланд шуда, гармии ҳаво дар водиҳо рӯзона ба 25 — 30 дараҷа мерасад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳаво 18-23 дараҷа гарм мешавад.
20 — 24 май ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат баланд мешавад. Дар водиҳо шабона 17-22 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Аз 24 то 26 май ҳаво боз номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ даҳаи сеюми моҳи май ҳарорати ҳаво аз рӯйи меъёри муқаррарӣ 2 — 3 дараҷа баланд пешгӯӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






