БАЗМИ ШИРУ ШАКАР: Пагоҳ дар Хонаи адибони Тоҷикистон маҳфили ёдкарди ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоири зуллисонайн Ӯлмас Ҷамол баргузор мегардад

Май 16, 2019 17:31

ДУШАНБЕ, 16.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ ба зодрӯзи шоири равоншод Ӯлмас Ҷамол 85 сол пур мешавад. Бахшида ба ин сана ва ба муносибати 60-солагии фаъолияти эҷодии ӯ пагоҳ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бо ширкати адибон ва овозхонони маъруф таҳти унвони «Ӯлмас Ҷамол – вассофи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек» базми ширу шакар барпо менамояд.  Оғози маҳфил – соати 10. Иштироки ҳавохоҳони шеъру адаб озод аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагон хабар доданд.   

Ӯлмас Ҷамол — шоир ва рӯзноманигор, ки бо навиштани шеърҳо дар жанри «ширу шакар» ҳам дар Тоҷикисон ва ҳам дар Узбекистон машҳур гашта буд,  17 майи соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омада, ду соли аввали мактаби миёнаро дар ҳамон ҷой хатм кардааст. Соли 1947 ба Душанбе омада, мактаби миёнаро бо медали биринҷӣ ба итмом расондааст.

Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Чанд сол муаллим будааст. Баъдан ба рӯзноманигорӣ пардохта, котиби масъули рӯзномаи «Регар» (Турсунзода), корманди шуъбаи узбекии Радиои  Тоҷикистон будааст. Аз соли 1964 то ба нафақа баромаданаш дар  рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» (ҳозира «Халқ овози») дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Маҷмӯаҳои зерини ашъораш дар Душанбеву Тошканд ба табъ расидаанд: «Чашмаи муҳаббат» (1969), «Гӯш ба дил» (1973), «Даъват ба дуродур» (1978), «Дар васфи Офтоб» (1980), «Фасли накукорӣ» (1984), «Эҳсос» (1985), «Ситораи орзу» (1988), «Гули ороста» (1988), «Дӯстнома» (2001), «Ӯлмас Ҷамол. Ҳаёт ва эҷодиёт» (2002), «Сарҳисоб» (2002), «Як нигоҳ» (2002).

Соли 1986 дар Маскав китоби  шеърҳояш «Писари Офтоб» ба забони русӣ  аз чоп баромадааст.

Бисёр ғазалҳояш оҳангбандӣ шуда, онҳоро овозхонони машҳури тоҷику узбек месароянд.

Шеърҳои алоҳидаи М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, М. Қаноат, Л.Шералӣ, А. Қаҳҳорӣ, Қ. Киром, Мавҷуда, Гулназар, Гулрухсор, А. Сомонӣ маҷмӯаҳои ашъори А. Ҳаким ва М. Бахтиро ба забони узбекӣ тарҷума кардааст.

Бо нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ қадршиносӣ шудааст. Бо Фаромони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шудааст.

Ӯлмас Ҷамол аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Ӯ 27-уми июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар синни 84-солагӣ вафот кардааст.

Ӯлмас Ҷамол  шоири тавоное буд, ки бо ду забон-тоҷикиву ӯзбекӣ шеър менавишт.    Дар зер як шеъри шоирро дар ин жанр (ширу шакар) пешкаши мухлисони шеър мегардонем.

 ЎЗБЕГУ ТОЖИК ЭЛИМ

(Ширу шакар)

Ўзбегу тожик элим тожи сари якдигаранд,

Ду азиз фарзанди як мулку падар ҳам модаранд.

Ул бири олтин узукдир, ҳам жавоҳир кўз бири,

Бингари, пайванди як обу гилу як гавҳаранд.

Ҳазрати Жомий, Навоий – меҳрининг сарчашмаси,

Дар сухангўйи тавоноянду бас афсунгаранд.

Не балолар бошидан довруғ солиб ўтганда ҳам

Дўстиро ҳамчу ганжи бебаҳо мепарваранд.

Эътиқод, меҳру вафо бобида ғоят беназир,

Дар самои маърифат ҳар ду дурахшон ахтаранд.

Оқибат байроғин, дўстим, қўлингдан бермагил,

Ин ливоро то жаҳон боқист, бо ҳам мебаранд.

1998 йил.

Май 16, 2019 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид