БАЗМИ ШИРУ ШАКАР: Пагоҳ дар Хонаи адибони Тоҷикистон маҳфили ёдкарди ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоири зуллисонайн Ӯлмас Ҷамол баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ ба зодрӯзи шоири равоншод Ӯлмас Ҷамол 85 сол пур мешавад. Бахшида ба ин сана ва ба муносибати 60-солагии фаъолияти эҷодии ӯ пагоҳ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бо ширкати адибон ва овозхонони маъруф таҳти унвони «Ӯлмас Ҷамол – вассофи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек» базми ширу шакар барпо менамояд. Оғози маҳфил – соати 10. Иштироки ҳавохоҳони шеъру адаб озод аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагон хабар доданд.
Ӯлмас Ҷамол — шоир ва рӯзноманигор, ки бо навиштани шеърҳо дар жанри «ширу шакар» ҳам дар Тоҷикисон ва ҳам дар Узбекистон машҳур гашта буд, 17 майи соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омада, ду соли аввали мактаби миёнаро дар ҳамон ҷой хатм кардааст. Соли 1947 ба Душанбе омада, мактаби миёнаро бо медали биринҷӣ ба итмом расондааст.
Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Чанд сол муаллим будааст. Баъдан ба рӯзноманигорӣ пардохта, котиби масъули рӯзномаи «Регар» (Турсунзода), корманди шуъбаи узбекии Радиои Тоҷикистон будааст. Аз соли 1964 то ба нафақа баромаданаш дар рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» (ҳозира «Халқ овози») дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Маҷмӯаҳои зерини ашъораш дар Душанбеву Тошканд ба табъ расидаанд: «Чашмаи муҳаббат» (1969), «Гӯш ба дил» (1973), «Даъват ба дуродур» (1978), «Дар васфи Офтоб» (1980), «Фасли накукорӣ» (1984), «Эҳсос» (1985), «Ситораи орзу» (1988), «Гули ороста» (1988), «Дӯстнома» (2001), «Ӯлмас Ҷамол. Ҳаёт ва эҷодиёт» (2002), «Сарҳисоб» (2002), «Як нигоҳ» (2002).
Соли 1986 дар Маскав китоби шеърҳояш «Писари Офтоб» ба забони русӣ аз чоп баромадааст.
Бисёр ғазалҳояш оҳангбандӣ шуда, онҳоро овозхонони машҳури тоҷику узбек месароянд.
Шеърҳои алоҳидаи М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, М. Қаноат, Л.Шералӣ, А. Қаҳҳорӣ, Қ. Киром, Мавҷуда, Гулназар, Гулрухсор, А. Сомонӣ маҷмӯаҳои ашъори А. Ҳаким ва М. Бахтиро ба забони узбекӣ тарҷума кардааст.
Бо нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ қадршиносӣ шудааст. Бо Фаромони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шудааст.
Ӯлмас Ҷамол аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Ӯ 27-уми июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар синни 84-солагӣ вафот кардааст.
Ӯлмас Ҷамол шоири тавоное буд, ки бо ду забон-тоҷикиву ӯзбекӣ шеър менавишт. Дар зер як шеъри шоирро дар ин жанр (ширу шакар) пешкаши мухлисони шеър мегардонем.
ЎЗБЕГУ ТОЖИК ЭЛИМ
(Ширу шакар)
Ўзбегу тожик элим тожи сари якдигаранд,
Ду азиз фарзанди як мулку падар ҳам модаранд.
Ул бири олтин узукдир, ҳам жавоҳир кўз бири,
Бингари, пайванди як обу гилу як гавҳаранд.
Ҳазрати Жомий, Навоий – меҳрининг сарчашмаси,
Дар сухангўйи тавоноянду бас афсунгаранд.
Не балолар бошидан довруғ солиб ўтганда ҳам
Дўстиро ҳамчу ганжи бебаҳо мепарваранд.
Эътиқод, меҳру вафо бобида ғоят беназир,
Дар самои маърифат ҳар ду дурахшон ахтаранд.
Оқибат байроғин, дўстим, қўлингдан бермагил,
Ин ливоро то жаҳон боқист, бо ҳам мебаранд.
1998 йил.









Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






