Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат нақшаи чорабиниҳо таҳия намуд

Май 17, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 17.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо кормандони   соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин росто таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо иштироки роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии мамлакат барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 10 майи соли 2019, зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо дода шуда буд, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки низоми бонкии мамлакат яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки барои рушду такомули он фаъолияти босамар дошта бошем. Ва бо истифода аз имконияту шароити мусоид баҳри бартараф намудани камбудиҳои соҳа, ки Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо ироа намуданд, кӯшиш ба харҷ диҳем, то эътимоди аҳолиро ба бонкҳо барқарор намоем.

“Татбиқи сиёсати пулию қарзии БМТ, назорат ва баҳодиҳии дурусти низоми бонкӣ, пешгирии талафоти имконпазир ва коҳиш додани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ, дуруст ба роҳ мондани сиёсати қарздиҳӣ ва коҳиш додани меъёрҳои фоизӣ, кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ метавонад барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои соҳа ҳиссагузор бошад”,- иброз дошт Ҷ.Нурмаҳмадзода.

Дар идома лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои БМТ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати пешниҳоди таклифҳо манзур карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои зимни мулоқот аз ҷониби Пешвои миллат ироагардида таҳия шуда, тамоми паҳлуҳои соҳаи низоми бонкӣ ва суғуртаро фарогир мебошад. Аз ҷумла, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, истифодаи фишангҳои иловагӣ баҳри татбиқи сиёсати пулию қарзӣ,  дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, паст кардани меъёрҳои фоизӣ дар сиёсати қарзии бонкҳо, зиёд кардани доираи марказҳои хизматрасонии бонкӣ, интихоби дурусти кадрҳои баландихтисос дар воҳидҳои сохтории бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ. Инчунин ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои таҳия намудани пешниҳодҳои худ ҷиҳати ворид намудан ба нақшаи чорабиниҳои мазкур дастур дода шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои дедолиракунонии иқтисодиёт, поён бурдани таъсири асъори хориҷӣ дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ, қобилияти пардохтпазирӣ ва сармояи бонкҳо, афзоиши дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии арзони воситаҳои молиявӣ, таъсиси бештари филиалҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи бонкдорӣ ва ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкии мамлакат, бахусус ба вазифаҳои масъулияти моддидошта баррасӣ гардиданд.

Инчунин муовини раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода доир ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» зикр намуд, ки бо вуҷуди иҷрои корҳои назаррас дар самти тадбиқи қарори мазкур, зиёд кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилот ҳоло ҳам баъзе мушкилот, аз ҷумла, аз ҷониби ташкилотҳои карзӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини терминалҳои электронӣ ва истифодаи онҳо дар марказҳои савдою хизматрасонӣ дида мешавад.

Дар ин росто, раиси БМТ  таъкид дошт, ки  бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои ҳарчи зудтар амалӣ намудани таъмини татбиқи қарори мазкур тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои электронӣ бо вазорату идораҳои марбута  ҳамкории судманд ба роҳ монанд.

Май 17, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад
Агентии авиатсияи гражданӣ: «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид
Агентии авиатсияи гражданӣ: Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ба  зиёда аз 2,1 миллион мусофир хизмат расонид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood Dubai» ба намоиш гузошта шуданд
Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид