Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маҳфили «Соҳибкорони созанда» доир гардид

Май 6, 2019 16:34

ДУШАНБЕ, 06.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Иқдоми  амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ саривақтӣ буда, бозгӯи таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди иқтисодиёти миллӣ аст.

Ин нуктаро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён  дар маҳфили «Соҳибкорони созанда», ки бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи авлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи мазкур доир гардид, баён дошт.

Нишасти мазкур дар доираи татбиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  созмон дода шуда, дар он намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва соҳибкорону сармоягузорон, ҷавонон, роҳбарият ва масъулони соҳаи иқтисодиёти ноҳияи Данғара иштирок намуданд.

Иштирокдорони  нишаст роҷеъ ба ҳадафу вазифаҳои муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», инчунин ислоҳоти гузаронидашуда дар самти рушди соҳаҳои соҳибкориву сармоягузорӣ ибрози назар намуда, аз соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои рушди малакаи соҳибкории худ бо муассиса ҳамкории  зич дошта бошанд.

Дар ин росто, байни муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати ба таври мунтазам ба роҳ мондани тренингҳои интенсивӣ барои соҳибкорони ҷавон бо иштироки соҳибкорони ботаҷриба дар заминаи донишгоҳ мувофиқа ҳосил шуд.

Май 6, 2019 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд