Дар Хуҷанд хотираи шаҳидони ҷанги солҳои 1941-1945-ро пос доштанд

Май 8, 2019 15:54

ХУҶАНД, 08.05.2019, /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар маркази Суғд -шаҳри Хуҷанд дар назди ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида ба 74-умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ ба фашизм ҷамъомади пуршукӯҳ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар дар Суғд, дар ҳамоиши идона иштирокчиёни ин набард ва меҳнаткашони ақибгоҳ, собиқадорони меҳнат, инчунин иштирокчиёни ҷангҳои байналмилалӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва меҳмонони хориҷии Хуҷандшаҳр, намояндагони бародаршаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, сарбозону афсарони гарнизони ҳарбии Суғд ва сокинони маркази вилоят иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамроҳи шуҷоатмандони ватан, ки дар набардҳои шадид ҷонбозиҳо намудаанд, дар лаҳзаи мутантан ба пояи ёдгории шаҳидони ин ҷанг гулчанбар гузошта, хотираи неки фарзандони диёрро, ки баҳри озод намудани инсоният аз фашизми гитлерӣ қурбон гаштаанд, пос доштанд. Сипас, гузашти низомии аскарону афсарон ба ҷамъомад ҳусни анҷом бахшид.

Хотиррасон бояд кард, ки ҳоло дар вилояти Суғд 73 нафар иштирокчиёни набардҳои ҷанги солҳои 1941-1945 дар қайди ҳаёт буда, аз онҳо 3 нафарашон, ки яке зан мебошад, дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд иқомат доранд.

Ҳамзамон дар қайди Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят 368 нафар заҳматкашони ақибгоҳ низ дар қайд буда, ҷавонтарини онҳо 92- сола ва бузургтаринашон 100-сола мебошанд. Ҳамаи онҳо дар арафаи таҷлили ҷашни мазкур бо кумакпулиҳои Президенти мамлакат ба маблағи 5000 сомонӣ, мақомоти вилоятӣ ба маблағи 2000 сомонӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ ба маблағи 1500 сомонӣ таъмин гардиданд.

Давоми чанд сол аст, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар як сол ду маротиба ба хизматрасонӣ ва дорувории ройгони тиббӣ ҷалб гардида, ба онҳо аз соли 2003 инҷониб роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои миқёси вилоят дода мешаванд.

Май 8, 2019 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид