Дар мусобиқаи «Tajikistan Open» теннисбозони Ӯзбекистон ва Полша ғолиб омаданд

Май 13, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис «Tajikistan Open» миёни наврасони  то 18-сола  баргузор гардид. Он бо пирӯзии варзишгарони Полша ва Ӯзбекистон ба анҷом расид. Дар ин бора корманди Федератсияи тенниси Тоҷикистон  Далер  Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар бозии ниҳоии мусобиқаи теннис миёни писарон Ян Вандемайер аз Полша бар Азиз Додобоев аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 ва миёни духтарон Ситора Нурмуродова аз Ӯзбекистон бар ҳамватанаш Севил Юлдошева бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 97 варзишгари ҷавон аз 15 давлат иштирок карданд.

Акнун аз 11 то 17 май мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсия – мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ оид ба теннис доир мегардад. Дар ин мусобиқа низ варзишгарони то 18-солаи бомаҳорат аз ҳудуди 20 давлат ширкат мекунанд.

Ҳар ду чорабинӣ ба мусобиқоти дараҷаи 5-и Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) дохил мешаванд. Варзишгарон барои иштирок соҳиби холҳои рейтингӣ мегарданд.

Май 13, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид