Дар ноҳияи Ҷайҳун вазъи риояи меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории кормандони милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқоти сардори ШВКД дар ноҳия Баҳодур Холиқзода бо фаъолон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои САҲШ, омӯзгорон, имомхатибон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Зимни мулоқот иштирокчиён оид ба содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили терроризму экстремизм, оворагардӣ, дуздиву ғоратгарӣ махсусан бемасъулиятии баъзе волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд бо овардани далелу рақамҳои дақиқ сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки риоя намудани меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ аз ҳар як узви ҷомеа, алалхусус аз падару модарон ва фарзандон қатъӣ талаб карда мешавад, зеро оромиву осоиштагии миллату давлат ба зиндагии дурусти шаҳрвандон вобастагӣ дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни аҳли ҷамоат ва кормандони милитсия саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти ҷойдошта посухҳои мушаххас гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






