Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019» иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 14.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ва Сурия дар Мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019», ки аз 7 то 18 июл дар шаҳри Бангалори Ҳундустон барпо мегардад, иштирок мекунанд.
Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси ӯзбекистонӣ Усмон Тошев, ки дастаи мунтахаби олимпии мамлакатро машқ додааст, ба ин мусобиқа сафарбар мегардад. Мусобиқа дар як давр гузаронида хоҳад шуд.
Тавре пештар хабар дода будем, дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 футболбозони тоҷик ҳамчунин моҳи июн ду бозии рафиқона анҷом медиҳанд. 7 июн дастаи мунтахаби мамлакат дар шаҳри Душанбе бо дастаи миллии Афғонистон ва баъдан дар Гуанҷжоуи Чин бо дастаи мунтахаби ин мамлакат, ки имсол ба даври чорякфинали бозиҳои финалии Чемпионати Осиё 2019 баромад, қувва месанҷад.








Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд






