«ДИДОРИ НАСЛҲО». Ҷавонон аз насли калонсол таҷриба меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 21.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти собиқадорони соҳаҳои гуногун бо ҷавонон таҳти унвони «Дидори наслҳо» баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур намояндагон ва собиқадорони меҳнати вазорату идораҳо, ҷавонони фаъол ва гирандагони стипендияи президентӣ иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар мулоқот раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки Кумита дар ҳамкорӣ бо Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон тасмим гирифт, ки миёни кормандони ҷавони вазорату идораҳо, гирандагони стипендияҳои президентӣ ва шахсони обрӯманди Тоҷикистон, ки аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ роҳбар буданд ва баҳри таҳкими истиқлолият, пешбурди давлат, муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ заҳмат кашиданд, суҳбат доир намояд. То ҷавонон имконият дошта бошанд, аз таҷрибаи ин шахсиятҳои корозмуда дар пешбурди кори худ сабақ бардоранд.
Тавре Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандагони кори насли калонсол ва нерӯи созандаи имрӯзу фардои ҷомеа мебошанд.
«Ҷавонони мо имрӯз аз зумраи саодатмандтарин наслҳое мебошанд, ки даврони ҷавонии онҳо ба чунин айёми тинҷиву амонӣ ва ҳамбастагиву ҳамдилии инсонҳо рост омадааст. Ҳамаи ин бо шарофату ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки нисбат ба тақдири ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд»,- гуфт номбурда.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент Маликшо Неъматов саҳми ҷавононро дар пешбурди ҷомеа назаррас арзёбӣ намуда, баён дошт, ки имрӯз ба шарофати ин насли ҷавон оромона хоб меравем ва дар фазои тинҷиву оромӣ фаъолият дорем, ки ин ҳама аз бедорхобӣ ва ҳимояи ин насл сарчашма мегирад.
«Мояи ифтихор аст, ки шахсиятҳое, ки имрӯз Тоҷикистон дар соҳаи варзиш дорад, аксар давлатҳои пешрафтаи дунё надоранд. Имрӯз чандин варзишгарони маъруф дар арсаи ҷаҳон Ватани моро муаррифӣ намуда, парчами Тоҷикистонро баланд бардоштаанд»-афзуд М.Неъматов.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудани чунин мулоқотҳо омӯзиши сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири ҷавонон ва эҳтиром ба хизматҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ мебошад.








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






