Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон хостори тақвияти ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он мебошад»

Май 17, 2019 11:30

ДУШАНБЕ,17.05.2019 /АМИТ «ХОВАР»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он омодаи тақвияти ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки имрӯз дар Душанбе- пойтахти Точикистон оғоз ёфт, зикр намуданд.

Бо дахли мавқеъ ва нақши Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он, хусусан гардиши маводи мухаддир Пешвои миллат афзуданд, ки дар натиҷаи талошу иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, соли 1999 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа таъсис дода шуд. Сохтори мазкур имрӯзҳо дар доираи барномаву лоиҳаҳои марбута бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик ҳамкории судманд ба роҳ монда, бомуваффақият фаъолият менамояд.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон соли 2013 Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро барои давраи то соли 2020 таҳия ва қабул намуд, ки ин санад бо барномаи амал ва самтҳои ҳамкории худ дар заминаи муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба хусусияти пешгирикунанда дорад. Стратегияи мазкур бо дарназардошти ҳамбастагии зич миёни гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм ба бартараф намудани омилҳои ин зуҳурот дар ҷомеа равона шудааст.

Танҳо соли гузашта 67 амалиёти фаврӣ алайҳи қочоқбарон гузаронида шуда, зарфи 20 соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон беш аз 125 тонна маводи нашъаоварро аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифтаанд.

Май 17, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид