Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон ҷавонони ҷаҳонро ба ҳам овард

Май 15, 2019 10:05

ДУШАНБЕ, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 14 май   бахшида ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  нахустин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»  баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ҷавонони фаъол ва  донишҷӯёни   хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсили илм  менамоянд, иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода   иштирокчиёни фестивалро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки ҳоло дар доираи моҳвораи ҷавонон дар  сар то сари Тоҷикистон   барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмиву маърифатӣ роҳандозӣ шудаанд. Имрӯз барои ҷавонон тамоми шароити мавҷуда фароҳам оварда шудааст. Зеро ҷавонон ояндасози давлату миллат маҳсуб ёфта, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор доранд.

«Дар Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»   беҳтарин сарояндагону навозандагон ва ҳунармандони ҷавон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Чин, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Федератсияи Россия ва Туркия иштирок дошта, ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд. Бояд гуфт, ки донишҷӯёни хориҷӣ дар баробари таҳсили илм инчунин саҳми худро дар муаррифии  давлату миллат ва фарҳанг мегузоранд», — гуфт  Аҳтам Абдуллозода.

Ба зикри иштирокчии Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Шуайб  Устод  ҳамоиши имрӯза  иқдоми наҷиб буда, он барои мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

«Ман хушбахт аз он  ҳастам, ки ҷое ки зиндагӣ ва  таҳсил менамоям, давлати орому осуда аст ва аҳолияш низ хушбахтона умр ба сар мебаранд. Мо аз кишваре намояндагӣ мекунем, ки дар он ҷо ҷанг ҷараён дорад. Умедворам, ки рӯзе Афғонистон низ ба мисли Тоҷикистон  амнияти худро ба даст меоварад ва мо низ чунин фестивалҳоро дар  мамлакати худ роҳандозӣ намуда, дӯстони худро даъват менамоем»,- гуфт  Шуайб  Устод.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд, аз ҷониби Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  роҳандозӣ гардид. Ҳадаф  аз баргузории он мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар  ва  тақвият додани  ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам  мебошад.

Дар анҷоми фестивал иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Май 15, 2019 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд