ФУТБОЛ. ҶОМИ КФО: «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар бозиҳои даври чорум ба нокомӣ дучор гардиданд

Май 16, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз  дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар Минтақаи марказӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозии чоруми хешро баргузор намуданд. Тафсилоти бештари мавзӯъ аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН.     

Рақобати дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и Тоҷикистон  ва «Алтин Асир»-и Туркманистон дар шаҳри Ашқобод сурат гирифта, бо ҳисоби камтарини 1:0 ба фоидаи мизбонон тамом шуд. Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Д» дастаҳои футболи  «Дордой» ва «Истиқлол» байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор футболбозони «Истиқлол» бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуданд.

Ҳамин тавр, дастаҳои футболи  «Хуҷанд»  ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон   дар бозии даври чоруми гурӯҳи «Д» аз рақибонашон мағлуб гардида, аз се имтиёзӣ маҳрум шуданд. Новобаста аз ин бохт дастаи футболи «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи «Д» боқӣ монд. Дар зинаи дуюм дастаи «Алтин Асир» бо доштани 6 хол ҷой гирифтааст. Дастаҳои футболи «Хуҷанд»  ва «Дордой» бо 4- холӣ дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «Д» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон баргузор шуда, бо ҳисоби калони 4:1 ба нафъи  шогирдони Ҳаким Фузайлов хотима ёфта буд.

Бояд зикр кард, ки   ин вохӯрии ҷолибро  дар  Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 13 ҳазор нафар  мухлисони сершумори футболи тоҷик тамошо намуданд.  Ҳанӯз дар дақиқаи 15-уми дидор Алишер Ҷалилов аз зарбаи пеналти ҳисобро боз намуд. Дар анҷоми қисми якуми рақобат яке аз бозингарони шинохтаи дастаи  футболи  «Истиқлол»-и  Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавии 11-метра голи дуюмро ба нишон расонид.

Дар  қисми дуюми вохӯрӣ, аниқтараш дар дақиқаи 49-ум   легионери сербиягии дастаи  футболи «Истиқлол» Михайло Сакич ҳисобро 3:0 намуд. Дар дақиқаи  81-уми  бозӣ Шаҳром Самиев голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонида, пирӯзии  дастаи  «Истиқлол»-ро дар ин дидор таъмин намуд. Ягона голи дастаи футболи “Дордой”-ро дар дақиқаи 50-ум Мирлан Мурзаев  ба  нишон расонид.

Хотиррасон мешавем, ки дар даври навбатӣ дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душабе  бо дастаи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва   дастаи футболи   «Алтин Асир»-и Туркманистон  бо дастаи  «Дордой»-и Қирғизистон  байни ҳам рақобат мекунанд.

Май 16, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд