Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ба зиёда аз 450 ҳазор тонна расонида шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 450 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 135 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт бо ангишт дар вохӯриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, ба роҳбарони корхонаҳои зертобеи худ ва соҳибкорони ватанӣ дастурҳои мушаххас дода истодааст. Дар натиҷа бо кӯшишу заҳмати роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷи ангишт нишондодҳои нақшаи панҷмоҳа 14 майи соли равон барзиёд таъмин гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар анборҳои корхонаҳои соҳа бо дарназардошти бақияи соли сипаригардида 400 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад. Айни замон истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба 5000-6500 тонна расонида шудааст, ки муштариён метавонанд аз ин анборҳо хариди ангиштро ба роҳ монанд.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






