Манфиати иқтисодӣ ва иҷтимоии лоиҳаи «Сиёма». Баррасии ин мавзӯъ дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар»

Май 14, 2019 10:36

ДУШАНБЕ, 14.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки пешниҳоди бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои бунёди Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд.

Лоиҳаи сохтмони Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» яке аз иқдомҳои наҷиб барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомидании аз лиҳози экологӣ тоза ва шифобахш ба ҳисоб меравад. Доир ба хусусиятҳои дигари оби «Сиёма» ва ҷараёни корҳои  сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма», ки аз ҷониби фармоишгар ҶДММ «Авесто гурӯҳ» ва пудратчӣ ҶДММ «Строй сентр» дар ноҳияи Исмолии Сомонии шаҳри Душанбе бунёд карда мешавад, директори иҷроияи ширкати “Авесто гурӯҳ”   Зафар Бурҳонзода дар барномаи “Гуфтугӯ”-и Радиои “Ховар” ба саволҳои  муаллифи барнома Хуршеди Ховар посух медиҳад.

Барномаи “Гуфтугӯ”  имрӯз, соати 12:30 (аслӣ) ва 19:30, 22:30 (такроран) пахш мешавад.

Май 14, 2019 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад