ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Май 22, 2019 08:07

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва  рӯзона 19-24 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 1-6  дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд    тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 17-22  ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 4-9  ва  рӯзона  15-20  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15  ва   рӯзона 25-30  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст.    Рӯзона  дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 29-34 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва  рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.

Май 22, 2019 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст