ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат то 36 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 28.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат то 30-36 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рўзона ба 28-33 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-11 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






