«ОЯНДАСОЗОНИ ВАТАН». Чунин ном дошт барномаи фарҳангие, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Душанбе доир шуд

Май 30, 2019 09:16

ДУШАНБЕ, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо  ибтикори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  Муассисаи таҳсилоти хусусии «Литсейи Раҳнамо», ҳунармандони ансамбли рақсии «Лаъл» ва хонандагони мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев  барномаи  фарҳангӣ-фароғатӣ зери унвони «Ояндасозони Ватан» доир  гардид. Барномаи фарҳангӣ ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола  1 июн дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад, бахшида шуд.

Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода  кӯдакону наврасонро бо рӯзи идашон табрик гуфта, аз таърихи пайдоиши ин рӯз ба ҳозирин маълумоти муфассал  дод. Номбурда  аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукмати  Тоҷикистон  нисбат ба ин қишри ҷомеа ёдрас шуда, зикр кард, ки  дар ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи  ҳуқуқи кӯдак  тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ  фароҳам оварда шудааст.

«Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   барои таҳсилу истироҳат ва  фароғати бачаҳо  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва дар ин самт барномаҳои зиёд амалӣ  мешаванд. Аз ҷумла, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи кӯдакон ва наврасон фаъолият мекунад, ки ба  хонандагони  хурдсол  хизмат мерасонад. Дар шуъбаи мазкур  тамоми шароит ҷиҳати мутолиа  ва ба бозиҳои шавқовари зеҳни машғулшудани кӯдакон тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ фароҳам гардида, гузашта аз ин дар ин ҷо  пайваста озмуну  чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд», — афзуд   А. Мирализода.

Дар ҷамъомад  адибоне, ки барои кӯдакону наврасон эҷод мекунанд, аз ашъори  худ барои ҳозирин  шеърҳои тозаэҷодро қироат намуданд.

Баъдан чорабинии фарҳангӣ-фароғатиро  хонандагони «Литсейи Раҳнамо», гурӯҳи ҳунармандони ансанбли рақсии «Лаъл» ва хонандагони мактаби мусиқӣ ба номи Миратулло Атоев бо суруду тарона ва ҳунару маҳорати зебои рақсии худ  рангину ҷолибтар  намуданд.

Дар  фарҷоми  барнома ширкаткунандагони фаъоли ин чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравии Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ шуданд.

                                                                  Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

 

Май 30, 2019 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд